Мулоқоти Пешвои миллат бо узви Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардори ситоди муттаҳидаи Артиши халқии озодибахши Чин Фан Фэнхоэй

Февраль 29, 2016 10:45

Душанбе, 29.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардори ситоди муттаҳидаи Артиши халқии озодибахши Чин  Фан Фэнхоэйро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.

“Масъалаи таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин, дар маҷмуъ бахши амниятӣ мавзуъи муҳими ҳамкориҳои кишварҳои мо мебошад”-таъкид намуд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои давлатҳо, ки характери стратегию шарикӣ доранд, қаноатмандӣ намуда, изҳори умед карданд, ки бо талошҳои пайваста он ба таври бемайлон рушд мекунад.

Дар мулоқот оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси низомии тоҷик ва иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда табодули андеша сурат гирифта, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бо се хатарҳои ҷаҳони муосир — терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиро муҳимму назаррас маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон  ва таҳдиду хатарҳои дигар мо бояд ҳамаҷониба омода бошем.

Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, инчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, мавзуъҳои доғи минтақаву ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои ҳалли он гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Февраль 29, 2016 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдгориҳои Осорхонаи Ватикан шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд