Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд

Апрель 25, 2024 13:05

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи ин созмон дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки зардолу ҳамчун дарахти мевадиҳанда таърихи зиёда аз 4-ҳазорсола дошта, аз рӯи ақидаи олимон, ҳудуди Тоҷикистон яке аз минтақаҳои пайдоиши он эътироф гардидааст.

Зардолу аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва ғизоию табобатӣ дорад. Таркиби бойи кимиёвии меваю донаки зардолу сабаб шудааст, ки он ҳамчун ғизои парҳезӣ эътироф гардад.

Аз рӯи маълумоти оморӣ дар даҳсолаи охир дар саросари олам майдони боғоти зардолу ва истеҳсоли меваи он афзоиш меёбад. Шароиту иқлими минтақаҳои Тоҷикистон ба парвариши зардолу мутобиқ аст. Дар Тоҷикистон 64 ҳазор гектар боғоти зардолу бунёд гардидаанд, ки 50 ҳазор гектарашро боғҳои ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.

Зимни муаррифии дарахти зардолу ва меваҳои тару хушки он иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ҷумҳурӣ то 90 ҳазор тонна хушкмева содир менамояд, ки бештари онро меваи хушки зардолу ташкил медиҳад. Ҳамин тавр Тоҷикистон дар қатори давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи зардолу меистад.

Бояд гуфт, ки танҳо дар се моҳи аввали соли 2024 аз Тоҷикистон бори аввал ба Ҷумҳурии Италия 66 тонна зардолуи хушк содир шудааст.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони озуқа ва кишоварзии СММ ҳамкории пурсамар дорад. Дар натиҷаи робитаи судманд якчанд навъи зардолу ба мамлакати мо ворид гардидааст.

Дар охири маросим ба хотири таҳкими ҳамкорӣ ба роҳбарияти Созмони озуқа ва кишоварзии СММ намунаҳо аз ниҳолҳои навъҳои гуногуни зардолу ва ангури тоҷикӣ тақдим карда шуд.

Тавре иброз гардид, ҳоло миёни гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии назди СММ барои ворид намудани чанд минтақа ва маҳсулоти кишоварзии мамлакати мо ба “Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ” ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, ояндаи наздик бояд самараҳои нахустини ин кори муштарак эълон гардад.

Муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу ва ангур дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар Рим 25.04.2024

Апрель 25, 2024 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд