Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист ба шаҳри Пистояи Италия ташриф оварданд.
Шаҳри Пистоя дар вилояти Флоренсия ва минтақаи Тосканаи Италия, яъне дар яке аз қисматҳои марказии кишвар қарор дошта, бо таҷрибаи пешқадаму омӯхтанӣ дар ниҳолпарварӣ, ҷангалофарӣ, сабзгардонӣ ва ҳифзи муҳити зист шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд парваришгоҳҳои ниҳолҳои дарахтҳои мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ, аз ҷумла хеле зебову нодир дидан намуда, бо тарзи шинондан, қаламчагирӣ, парвариш, роҳҳои муосири обу ғизодиҳӣ ва тобоварсозии онҳо ба бемориҳо ва ҳашароти зарарасон ва бахусус мутобиқати онҳо ба иқлими Тоҷикистон шинос шуданд.
Зимнан ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, ки дар ин боздид иштирок доштанд, барои омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварон ва экологҳои италиявӣ супоришу маслиҳатҳои муфид доданд.
Тавре таъкид гардид, воридсозии ин ва дигар таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ барои сабзгардонӣ ва ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ва тобовар намудани табиати мамлакат ба тағйирёбӣ ва гармшавии босуръати иқлими сайёра басо муҳиму зарур аст.
Иттилоъ дода шуд, ҳамкорӣ дар ин самт байни ниҳолпарварону боғдорони тоҷику италиявӣ чанд сол боз ба роҳ монда шудааст ва аллакай самараи назаррас оварда истодааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки чунин ҳамкорӣ дар шароити кунунии гармшавии ҷаҳонии иқлим бояд ба маротиб густариш дода шавад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд






