Дар се моҳ 73 200 нафар сайёҳ аз Тоҷикистон боздид намудаанд
Душанбе, 14.04.2016. /АМИТ Ховар/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2016 барои дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа, муаррифии имкониятҳои туристии кишвар ва ҷалби ҷомеа ба ин соҳаи муҳими иқтисодиёти миллӣ як зумра чорабиниҳои хусусияти оммавӣ, илмӣ, таблиғотию ташвиқотӣ ва фарҳангиву сайёҳидоштаро дар сатҳи маҳал, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ баргузор намуд. Дар ин давра Кумита 76 адад чорабиниҳоро доир намудааст, ки аз ин шумора 52 адад чорабинии маҳаллӣ, 13 адад ҷумҳуриявӣ ва 11 адад байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 адад зиёд буда, шумораи фарогирифташудагон 96 604 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5840 нафар зиёд мебошад.
Давраҳои таълимӣ оид ба такмили ихтисоси мутахассисон дар дохили кишвар 3 адад буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, 2 адад зиёд ва шумораи фарогирифташудагон 300 нафарро ташкил медиҳад.
Давраҳои таълимӣ дар хориҷи кишвар низ 1 адад зиёд шуда, шумораи фарогирифташудагон ба имкониятҳои туристии Тоҷикистон 27 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра 89 101 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар омадаанд, ки аз ин нишондод 73 200 нафарашон ба ҳайси турист арзёбӣ мегарданд.
Аз ҳисоби 73200 туристи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат 36 млн доллари амрикоӣ маблағ ворид гаштааст, зеро рушди туризм дар кишвар, пеш аз ҳама, ба беҳбудии иқтисодиёти мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд. Хушбахтона, давоми се моҳи соли равон шакли ягонаи муайян намудани хизматрасонии ташрифоти сайёҳон ба кишвар тасдиқ гардида, аллакай роҳандозӣ гардидааст.
Дар ин давра Тоҷикистон тавонист дар 2 намоишгоҳи байналмилалии туристии дунё- «ITB Берлин» ва «Интурмаркет»-и Маскав иштирок намуда, имконият ва захираҳои туристӣ, ҳамзамон сифати қабул ва хизматрасониро низ муаррифӣ намояд.








Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






