Мулоқоти Пешвои миллат бо Сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

Май 11, 2016 17:38

Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро, ки ҳайати Ҳукумати кишварашро дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 роҳбарӣ менамояд, ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба рушди босуботи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки асоси онро робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстию ҳамҷавории бардавом ташкил медиҳанд ҳавасманд буда барои ба сатҳи сифатан нав расондани ин ҳамкорӣ аз тамому имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.

Тавре таъкид шуд, оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 дар муносибатҳои минтақавии байнидавлатӣ, бахусус дар раванди рушди ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Қирғизистон нақши созанда гузошта барои таҳкими муносибатҳои дӯстона дар дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ заминаҳои созгор фароҳам меоварад.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба роҳҳои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорату савдои байнидавлатӣ, истифодаи пурраи имконоти нақлиётиву транзитии ҳар ду давлат ва иштироки фаъол дар раванди таъмини амнияту бехатарии минтақавӣ изҳори назар карданд.

Ҳавасмании ҳарду ҷониб ҳамчунин доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ баён гардида нақши фаъоли ҳар ду давлат дар татбиқи лоиҳаҳои дигари дорои аҳамияти минтақавӣ махсус таъкид шуд.

Май 11, 2016 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдгориҳои Осорхонаи Ватикан шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд