Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Июнь 29, 2016 17:38

Душанбе, 29.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардумро бар асари ҳамлаи фоҷеабори террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатюрки шаҳри Истамбул бо андӯҳи бузург дарёфтам.

Мо ин амали ғайриинсонии ифротиён ва ҳама гуна зуҳуроти терроризмро, ки аслан на дин дораду на ватану на миллат, қатъиян маҳкум намуда, бо нигаронии шадид зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср  боз ҳам таъкид менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоем ва хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем”.

Июнь 29, 2016 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдгориҳои Осорхонаи Ватикан шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд