Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинонро аз пайомадҳои хатари гармо ва ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо ҳушдор медиҳад

Июнь 8, 2016 10:39

Душанбе, 08.06.16. /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои аҳолӣ мерасонад, ки бо сабаби гарм шудани ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар аз 9 то 12 июн  эҳтимоли об шудани захираи барфу пиряхҳо, ки сабаби рӯй додани обхезиву сел дар ноҳияҳои кӯҳӣ мешаванд, ҷой дорад.
Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон  сокинонро аз пайомадҳои хатари гармо ва ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо  ҳушдор дода, маслиҳат медиҳад, ки  дар рӯзҳои гарм, бахусус дар соатҳои аз 11 то 17-и рӯз аз эҳтиёт кор бигиранд ва аз сафар кардан тавассути  минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар давоми чанд рӯзи наздик аз гарм шудани ҳаво дар қаламрави кишвар хабар медиҳад. Баландтарин ҳарорати гармӣ дар ин рӯзҳо дар ҷануби Тоҷикистон- қаламрави вилояти Хатлон ба мушоҳида мерасад,  ки дар он ҷо ҳарорати ҳаво то ба 44 дараҷа хоҳад расид.
Имрӯз, 8 июн дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 21-26, рӯзона 38-43 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳаво шабона 18-23, рӯзона 35-40 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 15-17, рӯзона 37- 39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво  шабона 14-19 дараҷа, рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15, рӯзона 27-32;  дар шарқи ин вилоят шабона  2-7, рӯзона 16-21 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.

Июнь 8, 2016 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Эрон интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор шуд
Дар Роғун ба насли ҷавон аҳамияти Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаҳмонида шуд
ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ. Дар Вазорати нақлиёт ҳамоиши идона баргузор шуд
Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷашн гирифта шуд
Дар Палатаи ҳисоб ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Хоруғ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
ВАҲДАТ — ЗАМИНАИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ МИЛЛАТ. Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиш доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар ноҳияи Балҷувон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид ва чангу ғубор дар назар аст
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд