Санҷиши «Опера», «Хабера» ва «Эҳсон» дар Суғд

Июнь 3, 2016 11:22

Душанбе, 03.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Санҷиши назоратии амалиёти фаврӣ-пешгирикунӣ ва амалиёти махсуси «Нелегал-2016» дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ва Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар миқёси шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.
Дар ҷараёни  амалиёт як зумра нуқтаҳои шабонарӯзии дилхушӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,  ба монанди «Опера», «Хабера» ва меҳмонхонаи «Эҳсон» мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Зимни санҷиш аз ҷониби гурӯҳи муштарак ду ҳолати аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ вайрон кардани қоидаҳои будубош ва машғул шудан ба фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ ошкор гардида, нисбат ба  онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

Июнь 3, 2016 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад