Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Июль 27, 2016 11:06

Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми заҳматкаши ноҳия барои саҳми арзандаашон баҳри ободию пешрафти ин гӯшаи зебои диёр ва пазироии гарму самимӣ арзи сипос намуда, сокинони ноҳияро бо ҷашни бузургу муқаддаси умумимиллии дарпешистода — 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Зимни таҳлилу баррасии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии роҳбарияти давлату ҳукумат ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.

Аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар давоми 25 сол бо мақсади рушди иқтисодии ноҳия ва беҳтар гардонидани сатҳи некӯаҳволии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ қариб як миллиард сомонӣ, аз ҷумла 600 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ равона шудааст.

Дар ин давра аз буҷети давлатӣ танҳо барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингард 10 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Сарвари давлат махсус таъкид намуд, ки ба хотири таъмини зиндагии сазовор «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои солҳои 2011-2015» қабул гардида, дар доираи он 77 лоиҳа ба маблағи 132 миллион сомонӣ татбиқ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки соли ҷорӣ татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020» оғоз гардид, ки тибқи он дар ноҳия 177 лоиҳа ба маблағи умумии 206 миллион сомонӣ бояд амалӣ карда шавад. Аз маблағи зикршуда 47 лоиҳа ба маблағи 55 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 68 лоиҳа дар ҳаҷми 56 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 38 лоиҳа ба маблағи 71 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор ва 15 лоиҳа дар ҳаҷми 17 миллион сомонӣ барои чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, барои рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияи Ҳамадонӣ дар давоми солҳои 2016 — 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ҷудо кардани зиёда аз 210 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Масъалаи беҳтар кардани вазъи иҷтимоии сокинон, бахусус таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, дастгирии рушди соҳибкорӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи иқтидору имкониятҳои истифоданашудаи саноатӣ, беҳдошти вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ аз мавзуъҳои муҳими суҳбати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия буд.

Баъди натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия, ки зироаткорӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ, боғдорию истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ бахшҳои асосии онро ташкил медиҳад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия барои иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пас аз анҷоми суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонону мардони рузгордида баромад карда, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои раҳнамоии миллат ба сӯи рушноӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди зиндагӣ, ғамхорӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, дастгирии ҷавонон ва қадршиносии собиқадорон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Июль 27, 2016 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдгориҳои Осорхонаи Ватикан шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд