Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Техникҳои ҷавон» ва «Барномасозони ҷавон» муайян гардиданд

Июль 29, 2016 09:51

Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии ҷавонон барои фаъолияти зеҳнӣ ва дарёфт намудани истеъдодҳои нав бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии «Техникҳои ҷавон» ва «Барномасозони ҷавон» дар байни ҷавонони соҳибзавқ, навовар ва соҳибҳунар, ки қобилияти ихтироъкорӣ ва сохтани барномаҳои муосиру ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷомеаро доро ҳастанд, гузаронида шуд.
Дар озмун ҷавонони  14-30- сола аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе  иштирок карданд. Озмун дар шакли намоишгоҳ гузаронида шуд. Дар он иштирокчиён барнома ва ихтирооти худро бо дарназардошти муҳимият дар ҷамъият, самти амалишавӣ ва дар кадом сатҳ қарор доштани кори онҳо муаррифӣ намуда, ҳакамони озмунҳо корҳои иштирокчиёнро мувофиқ ба талаботҳо баҳогузорӣ карданд.
Дар интиҳои озмун пас аз натиҷагирии ҳакамон дар озмуни «Техникони ҷавон» донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ Аминҷон Назаров бо пешниҳоди панҷ лоиҳаи ҷадид ва дар озмуни «Барномасозони ҷавон» донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳкамҷон Ҳасанов бо пешниҳоди лоиҳаи «Коргузории электронӣ» сазовори ҷойҳои аввал дониста шуданд. Ғолибон бо дипломи раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва туҳфа (планшети тамғаи SAMSUNG) сарфароз гардиданд.
20 нафар иштирокчиёни ҳар ду озмун ба мақоми «Кори беҳтарин» сазовор гашта, бо дипломи раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ (телефони мобили тамғаи SAMSUNG) қадрдонӣ карда шуданд.
Иштирокдорон баргузории чунин озмунҳоро ҳамчун омили ҳавасманд гардонидани ҷавонони ихтироъкор, барномасоз ва навовар арзёбӣ намуда, аз дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон изҳори сипос намуданд.

Июль 29, 2016 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Восеъ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҳамоишҳои маърифатӣ доир карда мешаванд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант Олимпиадаи V ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардид
Чанган дар Тоҷикистон — оянда аллакай фаро расид!
Гармии баланди ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ модули «Декларатсияи мусофирон» фаъол карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво аз 32 то 42 дараҷа гарм мешавад