Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти татбиқи Лоиҳаи сохтмони қитъаи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб

Июль 14, 2016 20:08

Душанбе, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти татбиқи Лоиҳаи сохтмони қитъаи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб шинос шуд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки корҳои сохтмони дар ин қитъаи лоиҳа моҳи январи соли 2011 оғоз гардида, тибқи нақша бояд то охири соли равон ба итмом расонида шаванд.
Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, дар давоми моҳи июни соли ҷорӣ бунёди роҳ мувофиқи нақша ҷараён гирифта, корҳои сохтмони пулҳо ба пуррагӣ анҷом ёфтаанд. Роҳсозон дар ҳамин моҳ дар масофаи 4,5 км қабати аввали роҳро мумфарш карда, дар маҷмуъ бо маблағи беш аз 5 млн доллар корҳои роҳсозиро ба анҷом расонидаанд.
Сарвазири мамлакат дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ аз маҳалли корҳои омодасозии таҳкурсии роҳ, корҳои тахту ҳамворнамоии хоктеппаҳо, бунёди саддҳои муҳофизатӣ, пойдеворҳо ва ҷӯйу обравҳои канори роҳ дидан карда, барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои пешбинишуда масъулини соҳаро вазифадор намуд.
Таъкид карда шуд, ки ҳарчанд дар иҷрои нақшаи корҳои роҳсозӣ нисбатан пешравиҳо ба назар мерасанд, вале дар аксар қитъаҳои роҳ корҳо мувофиқ ба нақшаи тақвимӣ роҳандозӣ нашудаанд.
Бо назардошти он, ки рафти татбиқи ин лоиҳаи муҳими роҳсозӣ таҳти назорат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз роҳбарият ва масъулони вазорати нақлиёт, маркази татбиқи лоиҳа ва ташкилоту идораҳои сохтмонӣ талаб карда шуд, ки дар бунёди роҳ талаботи муосири ҷаҳонӣ риоя гардида, тамоми корҳо бо сифати аъло ба анҷом расонида шаванд.
Рохсози1Хотиррасон бояд кард, ки дар сохтмони қитъаи роҳи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб мутахассисон ва роҳсозони Тоҷикистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Туркия, Лубнон ва Кувейт дар ҳамбастагӣ фаъолият карда, шумораи умумии коргарони лоиҳа ба 710 нафар мерасад. Аз шумораи умумии коргарон  595 нафари онҳо коргарони маҳаллӣ мебошанд. Дар сохтмони ин қитъаи афзалиятноки роҳ беш аз 250 техникаю таҷҳизоти кории муосир сафарбар карда шудаанд. Масофаи умумии қитъаи роҳ 40 км-ро ташкил дода, он ҳамчунин сохтмони 10 адад купруки андозаҳои гуногундоштаро дар бар мегирад.
Дар ситоди сайёри корӣ, ки дар мавзеи татбиқи лоиҳа таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор гардид, корҳои дар моҳи июн анҷомдодаи роҳсозон натиҷагирӣ шуда, нақшаи корӣ ва вазифаҳо барои моҳҳои оянда мушаххас карда шуданд.

Июль 14, 2016 20:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар академияи зимистонаи «Ҳаво» масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд
Дар шаҳри Ҳисор ба маъюбон аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд
Дар Душанбе дастовардҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд
Имрӯз дар Душанбе борон пешгӯӣ мешавад
Вобаста ба хатари терроризм ба низоми давлатдории муосир дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борону барф меборад
Дар шаҳри Гулистон даври омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» доир гардид
Ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия доир гардид
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар Кореяи Ҷанубӣ 179 нафар ба ҳалокат расид
Президенти 39-уми ИМА Ҷимми Картер даргузашт
Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф пешбинӣ шудааст