Задухӯрди қочоқчиёни афғон бо сарҳадбонони тоҷик

Июль 4, 2016 12:13, 8 611 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Сархад

Душанбе, 04.07.16./АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилаи ҶТ дар вилояти Хатлон, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии зертобеъи Отряди сарҳадии «Шурообод» байни қитъаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии исломии Афғонистон, амалиёт гузаронида дар натиҷа убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби қочоқчиёни афғон ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ карда шуд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёт, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни шахсияташон номаълуми афғон иборат аз 4 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд.
Қочоқчиёни афғон ба амри сарҳадбонони тоҷик ва кормандони корҳои дохилаи ҶТ итоат накарданд, ки байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд.
Сарҳадбонон ва кормандони корҳои дохилаи ҶТ дар ин задухӯрди мусаллаҳона муқовимати шадид нишон дода қочоқчиёни афғон ба самти Афғонистон фирор мекунанд.
Марзбонон ҳангоми аз назаргузаронии ҷои ҳодисаҳо, тақрибан 7кг маводи мухаддири навъи ҳашиш ва  як халта бангдона дарёфт ва мусодира карданд.
Айни ҳол нисбати ин ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида,  тафтишот идома дорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд.

Июль 4, 2016 12:13, 8 611 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЗТоҷикистону Афғонистон ҷинояткоронро истирдод менамоянд
судХудкардаро даво нест…
коррупсияДастгир шудани сармутахассиси соҳаи заминсозии Ҳисор бо гумони гирифтани пора
пораМуфаттиши Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара бо ҷурми коррупсия дастгир карда шуд
ВКДЧТИмрӯз дар ҷаласаи селектории Вазорати корҳои дохилӣ масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия баррасӣ гардид
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тасарруфи маблағҳои буҷетиро аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор кард
Рустам Шоҳмурод: «Дар муассисаҳои ислоҳотӣ ягон гурӯҳи ифротӣ имкони бурдани ташвиқоту тарғиботро надорад»
ВКД (1)ВКД барои ошкор ва дастгир кардани террористон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад
ВКД (3)Рамазон Раҳимзода: «34 гурӯҳи муташаккил дар ҳайати 169 нафар муайян ва дастгир карда шуданд»
05Кормандони милитсия ба муомилот баровардани пулҳои қалбакиро пешгирӣ карданд
оташнишониДар ноҳияи Шуғнон дидбонгоҳи нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба фаъолият шурӯъ кард
rustami-emomali-97МУБОРАК БОД! Имрӯз – Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия