Задухӯрди қочоқчиёни афғон бо сарҳадбонони тоҷик
Душанбе, 04.07.16./АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилаи ҶТ дар вилояти Хатлон, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии зертобеъи Отряди сарҳадии «Шурообод» байни қитъаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии исломии Афғонистон, амалиёт гузаронида дар натиҷа убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби қочоқчиёни афғон ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ карда шуд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёт, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни шахсияташон номаълуми афғон иборат аз 4 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд.
Қочоқчиёни афғон ба амри сарҳадбонони тоҷик ва кормандони корҳои дохилаи ҶТ итоат накарданд, ки байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд.
Сарҳадбонон ва кормандони корҳои дохилаи ҶТ дар ин задухӯрди мусаллаҳона муқовимати шадид нишон дода қочоқчиёни афғон ба самти Афғонистон фирор мекунанд.
Марзбонон ҳангоми аз назаргузаронии ҷои ҳодисаҳо, тақрибан 7кг маводи мухаддири навъи ҳашиш ва як халта бангдона дарёфт ва мусодира карданд.
Айни ҳол нисбати ин ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд.








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






