Ҷамъомад бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт
Душанбе, 23.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 21 сентябри соли 2016 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар толори барҳавои меҳмонхонаи «Шератон» бо иштироки сафирон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, вакилони парлумон ва намояндагони расмии кишвар, зиёиён ва намояндагони ВАО маросими қабули расмӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳозиринро бо сухани ифтитоҳӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов ва меҳмони расмӣ- муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Носир Ал-Сабеҳ хайрамақдам гуфта, аз дастовардҳо дар ҳамкории тарафайн ёдовар шуданд.
Пеш аз оғози ҷамъомад дар даромадгоҳ намоиши китобҳо, либосҳои миллӣ, маҳсули дасти кандакорон ва оҳангарон, инчунин анвои хӯрокҳои миллӣ ва меваҷоти Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд.
Ҷамъомадаз тариқи тамоми шабакаҳои ТВ ва расонаҳои кишвари иқомат инъикоси худро ёфт.








Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






