Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон: «Умед аст, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз ҳам рушд мекунанд»

Октябрь 25, 2016 17:16

Душанбе, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар ҷараёни брифинге, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов хабарнигорони ватанию хориҷиро бо суханронии иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими иҷлосияи 33-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки чанде пештар дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд, шинос кард.

Дар ҷараёни брифинг сафир ба саволи намояндагони ВАО дар мавриди дурнамои муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон посух дод, ки «умед аст ин муносибот баъди сафари Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Душанбе ва вохӯрии ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни он масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуданд, ҷараёни тоза мегиранд ва боз ҳам рушд мекунанд».

Октябрь 25, 2016 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони ноҳияи Ҳамадонӣ барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Хатлон омодагӣ мебинанд
Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид