Дар даҳ моҳ дар вилояти Суғд 82 корхонаи хурду бузург ба истифода дода шуд

Ноябрь 17, 2016 09:13

Душанбе, 17.11.2016. /АМИТ«Ховар»/. Давоми даҳ моҳи соли равон бо мақсади таъмин намудани сокинон бо ҷои кори доимӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳру навоҳии вилоят 82 корхонаи хурду бузург бунёд карда шуд.
Бино ба маълумоти Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, «дар корхонаҳои нави ба истифода додашуда 2,4 ҳазор нафар сокинон бо ҷои кор таъмин шуданд».
«Ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 миллиард сомонӣ зиёд гардида, ба 5,4 миллиард сомонӣ расонида шуд»,- иттилоъ дод манбаъ.

Ноябрь 17, 2016 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои барқарор намудани чарогоҳҳои водии Рашт 20 намуди тухмиҳои бутта ва дарахтон парвариш карда мешаванд
Дар Ҳисор маҳфил – озмуни «Тоҷикистони ман!» оғоз гардид
Имсол дар Хатлон қариб 500 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда мешавад
Дар шаҳраки Обшорони ноҳияи Мастчоҳ татбиқи лоиҳаи обрасонӣ оғоз ёфт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
ҲАФТАИ ИЛМ – 2025. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз муҳимтарин дастовардҳо натиҷагирӣ намуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дурнамои кишти чигит сари вақт иҷро мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Ба кодексҳои ҷиноятӣ ва маъмурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи барқ тағйиру иловаҳо ворид шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавӣ дар Аврупо назар ба дигар минтақаҳои сайёра зудтар ба вуқуъ меояд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад