Таъиноти кадрӣ

Ноябрь 23, 2016 17:42

Душанбе, 23.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Лахш, Сангвор ва Тоҷикобод тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Ҳамин тавр мутобиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳирзода Умед Тоир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Лахш озод ва ба ҷойи ӯ Баротзода Файзулло Раҷаб — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Лахш таъин карда шуд.

Тибқи фармонҳои дигар Ҳиммати Ғайрат бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Сангвор озод карда шуда, Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор таъин гардид.

Раиси ноҳияи Тоҷикобод Ализода Ҳусейн Хоҷамир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Нодираи Маҳмадисо раиси ноҳия таъин карда шуд.

Ҳамчунин дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Зоҳирзода Умед Тоир муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Ноябрь 23, 2016 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдгориҳои Осорхонаи Ватикан шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд