Дар Конибодом рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрро дар ёздаҳ моҳи соли 2016 баррасӣ карданд

Декабрь 15, 2016 08:53

ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом  маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии  шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2016 баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом  хабар доданд.
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2016 фаъолияти худро баҳри амалӣ намудани «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020», «Стратегияи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр то соли 2020» ва таъмини иҷрои нақшаю вазифаҳои вогузоргардида равона кардаанд. Дар ин муддат дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбат ба даст оварда шуданд»,-зикр шуд дар ҷамъомад.
Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми маҷлис фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлил ва баррасӣ шуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Декабрь 15, 2016 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои барқарор намудани чарогоҳҳои водии Рашт 20 намуди тухмиҳои бутта ва дарахтон парвариш карда мешаванд
Дар Ҳисор маҳфил – озмуни «Тоҷикистони ман!» оғоз гардид
Имсол дар Хатлон қариб 500 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда мешавад
Дар шаҳраки Обшорони ноҳияи Мастчоҳ татбиқи лоиҳаи обрасонӣ оғоз ёфт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
ҲАФТАИ ИЛМ – 2025. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз муҳимтарин дастовардҳо натиҷагирӣ намуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дурнамои кишти чигит сари вақт иҷро мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Ба кодексҳои ҷиноятӣ ва маъмурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи барқ тағйиру иловаҳо ворид шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавӣ дар Аврупо назар ба дигар минтақаҳои сайёра зудтар ба вуқуъ меояд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад