Медалҳои нуқраи чемпионати Лигаи якуми футбол ба соҳибонашон расиданд

Январь 16, 2017 11:55

ДУШАНБЕ, 16.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи якум дирӯз дар маросими тантанавӣ ба футболбозони дастаи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ супорида шуданд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад.
«Саройкамар» таҳти роҳбарии Идибек Ғаффоров аз 24 вохӯрии мавсими соли 2016  дар 18 вохӯрӣ ғалаба карда, ду бозиро мусовӣ анҷом дод. Ҳамагӣ дар 4 дидори дигар ба мағлубият рӯ ба рӯ шуд ва соҳиби 56 имтиёз гардид.   Футболбозони ин даста аз дастаи ғолиб-«Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамагӣ 3 имтиёз кам гирифтанд.
Медалҳоро намояндагони расмии ФФТ дар ноҳияи Панҷ ба футболбозони «Саройкамар»  тақдим карданд.
Ёдовар мешавем, ки «Саройкамар» чун «Панҷшер» ба бозиҳои мавсими соли 2017 и Лигаи олӣ роҳхат гирифтааст ва дар сурати гирифтани литсензия ба қатори дастаҳои Лигаи олӣ шомил хоҳад шуд.

Январь 16, 2017 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт