«Ҳосилот»- и Фархор ҳайати бозингаронашро муайян кард

Январь 13, 2017 16:17

ДУШАНБЕ, 13.01.2017/АМИТ «Ховар»/. «Ҳосилот»-Фархор рӯйхати бозингарони худро барои иштирок дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё(КФО) бо дастаи «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон муайян кард.
Ба ҳамин тартиб 20 нафар бозигарон, 2 дарвозабон, 7 муҳофизатгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳуҷумкунада ҳайати дастаи «Ҳосилот»-ро ташкил медиҳанд.
Тибқи низомномаи мусобиқаи КФО «Ҳосилот» имкон дорад 5 нафари дигарро як ҳафта пеш аз оғози бозии аввал ба рӯйхат дарорад. Дар сурати роҳхат гирифтан ба бозиҳои гурӯҳӣ «Ҳосилот» боз панҷ нафари дигарро ба ҳайат дохил карда метавонад.
Ёдрас мешавем, ки барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон- «Ҳосилот»-и Фархор 31 январ ва 7 феврал дар бозии аввали плей — офф бо тими «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе қувва меозмояд. Агар дастаи «Ҳосилот» бар қаҳрамони Афғонистон пирӯз шавад, дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21 феврал ва бозии ҷавобӣ 28 феврал барпо мегарданд.

Рӯйхати пурраи ҳайати дастаи «Ҳосилот» чунин аст:

Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев, Фатҳулло Бобоев;

Муҳофизатгарон: Мӯсо Содиқ (Гана), Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Эраҷ Раҷабов, Баҳром Изомов, Хайрулло Азизов;

Нимҳимоятгарон: Сайриддин Ғаффоров (Ӯзбекистон), Акуффо Гершон Квеси (Гана), Муҳаммадҷони Ҳасан, Абдурасул Раҳмонов, Иброҳим Рабимов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Шаҳзод Давлатов;

Ҳуҷумкунандаҳо: Агблей Джонс (Гана), Наврӯз Рустамов, Шодибек Ғаффоров, Сайдалии Сафаралӣ.

Роҳбарони даста: Нурулло Маҳмудов  раиси клуб, Дилшод Шарифов  менеҷер, Муҳаммадҷон  Ҳабибуллоев  сармураббӣ, Наҷмиддин Толибов  мураббии калон, Фаррух Авезов  духтур, Ҷовидон Бобоев  медиа, Самандари Карим  менеҷер, Наврӯз Ҷалолов  шахси расмӣ.

Январь 13, 2017 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад