Вазъи қурби асъор барои имрӯз
ДУШАНБЕ, 26.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 26 январ, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 7.8893 сомонӣ, 1 евро = 8.4960 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1305 сомонӣ.
Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, «қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллари ИМА =7.9300 сомонӣ, 1 евро =8.4600 сомони, 1 рубли русӣ = 0.1333 сомонӣ мебошад».
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».