Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Яман интихоб шуд

Март 20, 2017 10:13

ДУШАНБЕ, 20.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов ҳайати дастаро барои бозӣ бо дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Яман интихоб кард. 23 март футболбозони кишварамон дар як бозии дӯстона бо тими мунтахаби Баҳрайн дар шаҳри Манама ва 28 март дар шаҳри Давҳаи Қатар дар аввалин вохӯрии расмии интихобии Ҷоми Осиё-2019, дар гурӯҳи «F» вориди майдон мешаванд.
Барои тайёрӣ ба ин вохӯриҳо 27 бозингар ба ҳайати даста даъват шудаанд, ки онро 4 дарвозабон, 8 муҳофизатгар 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ташкил медиҳанд. Дар ин қатор 7 легионер низ ҳузур доранд, ки инҳо Абдуазиз Маҳкамов (дарвозабон, «Алай»-и Қирғизистон), Давронҷон Эргашев (муҳофизатар, «Тараз»-и Қазоқистон), Искандар Ҷалилов (муҳофизатгар, «Дунав»-и Булғория), Парвизҷон Умарбоев (нимҳимоятгар, «Локомотив»- Пловдив, Булғория), Нозим Бобоҷонов (нимҳимоятгар, КФ «Баҳрайн»-и Бахрайн) ва Умедҷон Шарифов (нимҳимоятгар, «Машъал»-и Ӯзбекистон) мебошанд.
Имрӯзҳо дастаи мунтахаби кишварамон тамринҳои худро пеш аз бозӣ бо дастаҳои Баҳрайн ва Яман дар шаҳри Душанбе идома медиҳад ва 22 март тавассути Дубай ба шаҳри Манама мустақиман парвоз мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол:
Дарвозабонҳо: Абдуазиз Махкамов («Алай», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»);
Муҳофизатгарон: Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғория), Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванқулов, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нозим Бобоҷонов (СК «Баҳрайн», Баҳрайн), Умедҷон Шарифов («Машъал», Ӯзбекистон), Муҳсинҷон Парпиев («Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Ҷаҳонгир Алиев, Ромиш Ҷалилов (ҳама аз «Истиқлол»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Давронҷон Тӯхтасунов («Хуҷанд»).
Сармураббӣ Ҳаким Фузайлов.

Март 20, 2017 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт