Алишер Урунов ноиби президенти ФФТ интихоб шуд

Март 14, 2017 10:09

ДУШАНБЕ, 13.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба ҳайси ноиби президенти ФФТ интихоб шуд.
Алишер Урунов солҳои зиёд дар мансабҳои гуногуни ФФТ ифои вазифа карда, баъди таъсиси Лигаи Футболи Тоҷикистон вазифаи Директори генералии ин Лигаро ба уҳда дошт. Тибқи баррасии Лоиҳаи нави баргузории чемпионати Тоҷикистон бо ширкати 8 даста гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Алишер Урунов дар мавсими нави футбол фаъолият мекунад.
Алишер Урунов барои ба ин вазифа интихоб шудан изҳори минатдорӣ карда, гуфт, ки барои рушду нумӯъи футболи кишвар дар оянда ҳама имкониятҳоро истифода мебарад.
Ёдрас мешавем, ки ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзо ва ноиби президент Дилшод Ҷӯраев буда, Алишер Урунов ба ҳайси ноиби сеюми президенти ФФТ интихоб шудааст.

Март 14, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт