Бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Баҳрайн мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 25.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23-юми март, аввалин бозии худро дар мавсими соли 2017 дар шаҳри Риффаи Баҳрайн бо дастаи мунтахаби Баҳрайн гузаронида, онро бо ҳисоби 1:1 мусовӣ анҷом дод. Ин вохӯрии дӯстона дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн сурат гирифт.
Футболбозони мо аз оғози вохӯрӣ баъди голи задаи Манучеҳр Ҷалилов (дақиқаи 4-ум) бо ҳаммуалифии Ҷаҳонгир Алиев ба сафи пеш баромаданд. Ин гол метавонист ба футболбозони мо ғалаба биёрад, аммо дақиқаи сеюми вақти иловагӣ соҳибони майдонро аз бохт наҷот дод. Голи ҷавобиро Комил ал-Асвад ба нишон расонид.
Акнун футболбозони кишварамон 25 март аз Баҳрайн ба шаҳри Давҳаи Қатар барои гузаронидани бозии расмии интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи мунтахаби Яман парвоз мекунанд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад гузаронида мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 21:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.
Бозии дӯстона
Баҳрайн Тоҷикистон 1:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 4 (0:1). Комил ал-Асвад, 90+3 (1:1).
Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Давронҷон Эргашев (Ойбек Абдуғаффоров, 68), Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов (Ромиш Ҷалилов, 68), Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Алиев (Нозим Бобоҷонов, 73), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Эргашев), Умедҷон Шарифов, Парвизҷон Умарбоев (Дилшод Восиев, 68), Манучеҳр Ҷалилов (Давронҷон Тӯхтасунов, 68).
Довари майдон: Муҳаммад Мӯсо абу Лум (Урдун).
23 март. Риффа. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн.








Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд






