Дастаи мунтахаби Яман оид ба футбол рақиби аввалини дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019: маълумотномаи «Ховар»

Март 28, 2017 10:07

ДУШАНБЕ, 28.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Давҳаи Қатар дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Яман дар бозии нахустини гурӯҳи «F» вориди майдон мешаванд. Дастаи мунтахаби Яман баъди қуръакашии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё 2019 ба гурӯҳи « F» шомил шуда, бо дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, Филиппин ва Непал қувва меозмояд. Мо имрӯз маълумотномаи «Ховар»-ро бо муаррифии дастаи мунтахаби Яман, ки нисбат ба Тоҷикистон ва Филиппин аз рӯи раддабандии нави ФИФА каме поён меистад, пешкаши шумо мегардонем.
Дастаи мунтахаби футболи Яман тобеи федератсияи футболи Яман мебошад ва дар таснифоти ФИФА дар зинаи 148-ум қарор гирифтааст. То соли 1990 дар кишвари Яман ду дастаи мунтахаби футбол амал мекард- Ямани шимолӣ ва Ямани ҷанубӣ. Яман ба ду давлати алоҳида ҷудо шуда буд ва баъди муттаҳид шудани ду давлат дар соли 1990 футболи он ҳам муттаҳид гардид.
Дастаҳои мунтахаби Ямани Шимолӣ ва Ҷанубӣ ягон маротиба ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳхат нагирифтаанд ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳам дастовардеро соҳиб нашудаанд.
Соли 1994 дар аввалин ширкаташ дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Ироқ, Чин, Урдун ва Покистон нахустин ғалабаашро бар дастаи мунтахаби Чин (1:0, Чин барандаи медалҳои Чемпионати Осиё 1992 буд) ба даст овард ва дар гурӯҳ сазовори ҷои сеюм гардид.
Ҳунарнамоии футболбозони Яман дар мусобиқоти сатҳи Осиё, аз ҷумла кишварҳои араб ва ҷаҳон дар аксар маврид дар гурӯҳҳо бо ишғоли зинаи сеюм ҷамъбаст шудааст.
Яманиҳо дар маҷмӯи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон 32 вохӯрӣ барпо карда, дар 10 бозӣ ғолиб омадаанду 10 тоашро бо мусовӣ ва 12-тои дигарашро бо бохт анҷом додаанд.

Дар сатҳи бозиҳои Осиё дар 26 вохӯрӣ 9 ғалаба, 2 мусовӣ ва 15 бохтро соҳиб шудаанд.
Дастаи мунтахаби Яман бо Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом додааст. Ҳанӯз 2-юми январи соли 2009 дар варзишгоҳи «Алӣ Мӯҳсин Алмурайшӣ» -и шаҳри Санъо футболбозони Яман бар дастаи мунтахаби кишварамон бо натиҷаи 2:1 пирӯзӣ ба даст оварданд. 30 декабри соли 2010 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрии дуюми дӯстона тавонист дар ҳамин варзишгоҳ дар Яман дастаи мунтахаби ин кишварро бо ҳисоби 1:0 мағлуб созад.
Ба дастаи мунтахаби Яман аз соли 2012 инҷониб Самӣ Ҳасан Солеҳ машқ медод ва ҳоло онро Амин Ассинейнӣ, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Яман аз соли 1985 то 1992 ба ҳайси дарвозабон бозӣ кардааст, тамрин медиҳад.
Соли гузашта дастаи мунтахаби то 23-солаи Яман дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ҳамин синну сол дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2016 дар гурӯҳи «Д» бо натиҷаи 2:1 мағлуб кард.
Дастаи мунтахаби Яман дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон -2018 дар гурӯҳи «Н» бо дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Кореяи Халқӣ-Демократӣ (ҶХДК), Филиппин, Баҳрайн барои роҳхат ба даври минбаъда мубориза бурда, чунин натиҷаҳоро нишон дод:

Яман ҶХДК 0:3

Яман Филиппин 0:2

Ӯзбекистон Яман 1:0

Яман Баҳрайн 0:4

ҶХДК Яман 1:0

Филиппин Яман 0:1

Яман Ӯзбекистон 1:3

Баҳрайн Яман 3:0

Ҷадвали гурӯҳ

Гурӯҳи H

Дастаҳо И Б Ғ М Б Тӯбҳо +/-
1. Ӯзбекистон 21 8 7 0 1 20-7 13
2. ҶХДК. 16 8 5 1 2 14-8 6
3. Филиппин 10 8 3 1 4 8-12 -4
4. Баҳрайн 9 8 3 0 5 10-10 0
5. Яман 3 8 1 0 7 2-17 -15

Март 28, 2017 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт