Фарҳод Восиев ба «Истиқлол» гузашт

Март 3, 2017 11:07

ДУШАНБЕ, 02.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва клуби футболи «Оренбург» -и Россия Фарҳод Восиев ба тариқи иҷора ба дастаи «Истиқлол» гузашт. Дар ин бора сомонаи расмии КФ «Истиқлол» хабар дод.
Тавре гуфта мешавад, КФ «Истиқлол» барои иштирок дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), ки 14 март бо вохӯрии байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Дордой»-и Бишкек дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз мешавад, хати ҳимояи худро бо омадани Фарҳод Восиев пурқувват кард. Муҳлати шартнома то тобистони соли равон муайян шудааст.
Фарҳод Восиеви 26-сола пештар дар дастаҳои футболи Россия, аз ҷумлаи «Сатурн», «Криля Советов», «Жемчужина-Сочи», «Шинник», «Волгар» ва «Оренбург» ҳунарнамоӣ карда, аввалин бозиашро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» бо «Барқчӣ» 8 март мегузаронад. Ӯ таҳти рақами 7 ба майдон хоҳад омад.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (то 17-сола) дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон иштирок карда, то 1/8 -финал баромадааст. Аз соли 2007 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон буда, дар ҳайати он 10 бозӣ гузаронидааст.

Март 3, 2017 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт