Футболи оммавӣ ва курсҳои ФИФА барои мураббиён

Март 28, 2017 16:20

ДУШАНБЕ, 28.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) курсҳои серӯзаи Федератсияи футболи умумиҷаҳонӣ (ФИФА) барои мураббиёни кӯдакон аз рӯи барномаи кӯдакон ва футболи оммавӣ оғоз ёфт. Хуршед Мирзо ноиби президенти ФФТ дар ҷараёни кушодашавии курсҳо иштирокдоронро бо иди Наврӯз ва оғози семинар табрик гуфта, дар бораи аҳамияти ин машғулиятҳо ва тарбияи футболбозони болаёқат аз миёни кӯдакону наврасон сухан ронд. Ӯ аз тараққии босуръати футбол дар ҷаҳон ёдрас шуд.
Коршиноси ФИФА Александр Чернухо аз ҷумҳурии Беларус ба ҳозирин бо лафзи шевои тоҷикӣ -«Хуш омадед, дӯстони азиз» сухан оғоз кард ва арз намуд, ки пиёда кардани барномаҳои оммавигардонии футбол миёни кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон аз ҷониби бисёре аз кишварҳои Осиё мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва онҳо ин роҳро пешаи худ кардаанд. «Дар Тоҷикистон футбол ба роҳи дуруст равон аст ва дар 6-8 соли наздик футболи шумо ба комёбиҳои назаррас муваффақ хоҳад шуд. Боиси ифтихор аст, ки кишвари Тоҷикистон барномаи тараққии футболро то соли 2026 қабул кардааст ва аз рӯи он амал мекунад» — изҳор дошт Чернухо.
Барномаи серӯзаи курсҳо аз машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ иборат мебошад. Дар рӯзи охир дар Варзишгоҳи марказии пойтахт фестивали кӯдакон бо ширкати 120 нафар гузаронида мешавад.

Март 28, 2017 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд