Ғалабаи «Истиқлол» бар «Панҷшер» пеш аз бозии Ҷоми КФО бо «Олой»

Апрел 15, 2017 11:18

Хабарҳои мавзӯъ

istiklol-panjsher

ДУШАНБЕ, 15.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар бозии даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи «Истиқлол» бар «Панҷшер» -и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шоми дирӯз бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ин бозӣ як навъ санҷише буд пеш аз вохӯрии даври сеюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо дастаи «Олой»-и Қирғизистон, ки 18 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар ин дидор Манучеҳр Ҷалилов ва Дмитрий Барков аз дастаи «Истиқлол» ва Беҳрӯз Ниёзов аз «Панҷшер» голҳоро ба нишон расониданд.
Сармураббии дастаи «Истиқлол» Мӯҳсин Муҳаммадиев дар вохӯрӣ бо дебютанти Чемпионати имсола-«Панҷшер» ҳайати озмоиширо ба бозӣ гузошта, пеш аз рақобати даври сеюми Ҷоми КФО бо чемпиони Қирғизистон -«Олой» ба баъзе бозингарон истироҳат дод. Аз ин рӯ дар муқобили «Панҷшер» бозии истиқлолиҳо он қадар тезутунд набуд ва танҳо голҳои Манучеҳр Ҷалилов, аз пеналтӣ дар дақиқаи 20-ум ва Дмитрий Барков дар дақиқаи 66-ум ғалабаро ба дастаи «Истиқлол» насиб гардониданд.
Дар ин давр имрӯз «Регар — ТадАЗ» бо КМВА «Помир» ва 16 апрел «Барқчӣ» бо «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» бо «Вахш» қувва меозмоянд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6
«Истиқлол» «Панҷшер» 2:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 20 аз пеналтӣ (1:0). Беҳрӯз Ниёзов, 58 (1:1). Дмитрий Барков, 66 (2:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Дэвид Мавутор, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Фаридун Шарифов (Нуриддин Давронов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Ромиш Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов (Дмитрий Барков, 46).
«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Сафар Наботов, Равшан Азизов, Алишери Ҳотам, Руслан Тиллоев, Беҳрӯз Ниёзов, Шавкат Худойназаров, Абдухалил Боронов, Ҳасан Холов, Фаррух Фузайлов, Алишер Салимов (Сорбон Авғонов, 90+2), Фирдавс Зайнуллозода (Ҳусейн Умаров, 55).
Огоҳӣ: Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Беҳрӯз Ниёзов, Равшан Азизов («Панҷшер»).
Бозингари беҳтарин: Ҷаҳонгир Алиев («Истиқлол»).
Довари майдон: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).
14 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе. 500 тамошобин.

Апрел 15, 2017 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сомон МахмадбековСомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик дар Ҷоми Африқо оид ба дзюдо миёни наврасон медали тилло ба даст овард!
Дар шаҳри Ваҳдат бахшида 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи футбол доир гардидДар шаҳри Ваҳдат бахшида 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи футбол доир гардид
Истиқлол АлайБозии олии Дэвид Мауто ва ғалабаи «Истиқлол» бар «Олой»
Чемпионат barkchi-khujand2Футбол, лигаи олӣ, даври шашум: ҳамагӣ панҷ гол дар чор бозӣ
Истиклол ОлойҶоми КФО: «Истиқлол» «Олой»-ро ҳарифи пурқувват меҳисобад
Чемпиогни Қирғизистон баЧемпиони Қирғизистон ба Душанбе омад
futsal-in-schools4Машғулиятҳо аз рӯи лоиҳаи «Футзал дар мактабҳо» ҷамъбаст гардиданд
Варзишгарони Суғд дар мусобиқаҳои ватанию байналмилалӣ 570 медал ба даст овардандВарзишгарони Суғд дар мусобиқаҳои ватанию байналмилалӣ 570 медал ба даст оварданд
Бокс«Ҳамсафи мардони пурқувват» ва ё аввалин мусобиқаи духтарони боксчӣ
khayr-vakhsh5Аввалин ғалабаи КМВА «Помир» ва «Вахш» дар мавсими нави футболи Тоҷикистон
ДоваронБозии «Истиқлол» ва «Олой»-и Қирғизистонро доварони Япония ҳакамӣ мекунанд
Лигаи якумМавсими футбол дар лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон 14 апрел оғоз меёбад