Барои ривоҷ додани намудҳои варзиш ва оммавӣ гардонидани он толорҳои варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст

Апрель 6, 2017 17:25

ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ассамблеяи генералии СММ соли 2013 6 апрелро Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт эълон кардааст. Аввалин маротиба ин рӯзро 6 апрели соли 2014 дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон таҷлил намуданд. Имрӯз варзиш узви ҷудонашавандаи сиёсати давлат ба шумор рафта, дар баробари мустаҳкам намудани солимии ҷомеа инчунин маданият ва маърифати хар як халқу миллатро дар арсаи байналмиллалӣ инъикос мекунад.
Тавре сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров баён дошт, имрӯз таваҷҷуҳ ба соҳаи варзиш зиёд гардида, тамоми шароитҳо дар ин самт фароҳам оварда шудаанд.
«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ривоҷу равнақ додани варзиш, оммавӣ гардонидани он ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш тамоми шароитҳоро муҳайё намудаанд. Соли 2010 бо ташаббуси Пешвои миллат дар соҳаи варзиш такони ҷиддӣ ба вуҷуд омад ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ толорҳои варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд»,- гуфт Носир Бозоров .
Ба иттилои номбурда, мақсади асосии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, хусусан Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш он аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва садоқат ба ватану миллат тарбия намояд. «Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, дарёфти чеҳраҳои нав ва муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмиллалӣ зиёда аз 160 чорабиниро роҳандозӣ кардааст. Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва соли 2017- ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Ҷавонон ояндаи кишвар ба ҳисоб мераванд, аз ин рӯ моро лозим меояд, ки дар соҳаи варзиш ҷавононеро тарбия намоем, ки дар дили онҳо ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватану миллат ҷо гирифта бошад»,- таъкид намуд мусоҳиб.
Варзиш дар баробари мустаҳкам намудани саломатӣ инчунин роҳнамои зиндагӣ дар ҳаёти ҳар як шахс мебошад. Ба гуфтаи сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз варзишгарони зиёд ба монанди Дилшод Назаров ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар Тоҷикистон кору фаъолият доранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуда, номбардори ватану миллати худ гардидаанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон бештар ба футбол, волейбол, гӯштин, бокс ва тенис равона шудааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тӯли 2 сол аст, ки дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ доир ба гӯштини миллӣ озмуну чорабиниҳо баргузор менамояд. Зеро гӯштини миллӣ аз гузаштагон то имрӯз ба мо мерос мондааст ва мақсади мо, муттахассисони соҳаи варзиш низ зинда нигоҳ доштани ин намуди варзиш ва дар сатҳи байналмиллалӣ муаррифӣ намудани он мебошад.
Тибқи иттилои Носир Бозоров, имрӯз дар баробари ҷавонписарон духтарон низ ба варзиш майли зиёд доранд. Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 111 варзишгоҳ, 6 ҳазору 56 майдончаи варзишӣ, 6 ҳазору 10 толори варзишӣ, 83 ҳавзи шиноварӣ ва 730 маҷмааи иншооти махсуси варзишӣ фаъолият мекунанд.

Апрель 6, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт