Бозии олии Дэвид Мауто ва ғалабаи «Истиқлол» бар «Олой»

Апрель 19, 2017 16:14

ДУШАНБЕ, 19.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи бозиҳои марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар даври сеюм дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «D» бар чемпиони Қирғизистон- дастаи «Олой»-и Ӯш бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ин вохӯрӣ шоми 18 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 14 ҳазор тамошобин сурат гирифт.
Дар ин пирӯзӣ саҳми муҳофизатгари соҳибони майдон Дэвид Мауто чашмрас буд. Дар поёни нимаи аввал баъди аз пой зада афтонидани ӯ ба дарвозаи Абдулазиз Маҳкамов зарбаи пеналтӣ таъйин гардид ва онро Нуриддин Давронов ба ҳадаф расонд. Бо ҳисоби 1:0 дастаҳо ба танаффус рафатанд.
Дар нимаи дуюм, дар дақиқаи 59-ум, ҳамлагари меҳмонон Алиа Силла, легионери африқоии дастаи «Олой», ки қаблан дар дастаҳои «Барқчӣ» ва КМВА «Помир»-и Душанбе бозӣ мекард, ҳисобро баробар намуд. Бори дигар бо кӯшиши Дэвид Мауто, легионери африқоии «Истиқлол» соҳибони майдон ба сафи пеш баромаданд. Ин ҳолат дар дақиқаи 68-ум ба вуқӯъ омад ва Дэвид бо зарбаи сар тӯбро ба нишон расонд. Баъди ба майдон омадани Дилшод Восиев фишор ба дарвозаи «Олой» бештар гардид ва Дилшод дар дақиқаи 89-ум голи сеюми истиқлолиҳоро ба дарвозаи «Олой» зад.

Дар бозии дигари гурӯҳи «D» дастаи «Алтин Асир»-и Ашқобод дар меҳмонӣ тими «Дордой»-и Бишкекро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Мурод Яхшиев дар дақиқаи 43-юм ва Олтимурод Аннадурдиев дар дақиқаи 85-ум ба самар расониданд.
Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар гурӯҳи «D» дастаҳои «Истиқлол» ва «Алтин Асир» ҳафт имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо «Истиқлол» (6-2) дар мақоми аввал ва «Олтин Асир» (5-2) дар мақоми дуюм қарор доранд. Дастаи «Дордой» бо се имтиёз дар мақоми сеюм аст. Тими «Олой» то ҳол холе ба даст наовардааст ва дар зинаи охирин чаҳорум ҷойгир шудааст.
Дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC, ки 3 май барпо мегардад, «Истиқлол» дар меҳмонӣ бо «Олой» вориди рақобат мешавад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Олтин Асир» дар майдони худ бо «Дордой» вомехӯранд.
Ҷоми AFC-2017
Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 3-юм
«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Олой» (Қирғизистон) 3:1
Голҳо: Нуриддин Давронов, 45+1 аз пеналтӣ (1:0). Алия Силла, 59 (1:1). Дэвид Мауто, 68 (2:1). Дилшод Восиев, 89 (3:1).
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров (Фарҳод Восиев, 90+2), Артём Барановский, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Нуриддин Давронов, Дэвид Мауто, Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 85), Дмитрий Барков.
«Олой» (Ӯш, Қирғизистон): Абдуазиз Маҳкамов (Маратбек Мамасодиқов, 74), Илёс Олимов, Нурсултон Отамирзоев, Одилҷон Абдураҳмонов, Модибо Сидибе, Алия Силла, Мақсадбек Олимов (Умарбек Тухтасинов, 80), Акрамҷон Умаров, Бакибек Маматов, Аброр Қодиралиев, Шӯҳрат Раҳмонов.
Огоҳонида шуданд: Дмитрий Барков, Ҷаҳонгир Алиев («Истиқлол»), Абдуазиз Маҳкамов, Модибо Сидибе, Бакитбек Маматов («Олой»).
Бозигари беҳтарини дидор: Дэвид Мауто («Истиқлол»).
Сардовар: Хироюки Кимура (Ҷопон).
Нозири доварон: Хакан Аназ (Автралия).
Комиссари бозӣ: Доктор Бачир Абдул Холиқ (Лубнон).
18 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 14 500 тамошобин.

«Дордой» (Қирғизистон) «Олтин Асир» (Туркманистон) 0:2
Голҳо: Мурод Яхшиев, 43 (0:1). Олтимурод Аннадурдиев, 85 (0:2).
Тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф нарасонд: Арсланмурод Амонов («Олтин Асир»), 18 тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.
18 апрел. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Умурзоқов. 3000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «D»
Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Тоҷикистон) 3 2 1 0 6-2 7
2 «Олтин Асир» (Туркманистон) 3 2 1 0 5-2 7
3 «Дордой» (Қирғизистон) 3 1 0 2 1-4 3
4 «Олой» (Қирғизистон) 3 0 0 3 2-6 0

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи «D». Минтақаи марказӣ
Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) «Олой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) «Дордой» (Қирғизистон)

Апрель 19, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад