ДАР БОРАИ ҲОДИСАҲОИ СУРИЯ: ҷаҳон дар вазъияти мушкил қарор гирифт

Апрел 7, 2017 17:45

Хабарҳои мавзӯъ

Siriya-vojna

ДУШАНБЕ, 07.04.2017. /АМИТ «Ховар» /. Тавре иттилоъ додем, шаби гузашта ИМА ба пойгоҳи ҳавоии Ал-Шайрат зарбаҳои ҳавоӣ зад. Тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 50 мушаки «Томагавк» аз киштиҳои дар баҳри Миёназамин қарордошта партоб карда шуданд. Доналд Трамп шахсан ва бар хилофи Конгресс амр додааст. Бино ба гуфтаи амрикоиҳо, гӯё аз ин пойгоҳ ҳамлаи кимиёвӣ ба музофоти Идлиб, ки дар он қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Сурияро беасос айбдор карданд, ташкил шуда бошад.

Акнун дар он ҷо чӣ рух медиҳад ва ин ҳодиса чӣ тавр сурат мегирад — дар мунтахаби хабарҳои АМИТ «Ховар».

 Муроҷиати видеоии президенти ИМА

Ҳамаи 59 «Томагавкҳо»-и киштиҳои «Портер» ва «Росс»-и қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии ИМА, ки дар баҳри Миёназамин қарор доранд, ба як мақсад ба Сурия – фурудгоҳи Ал-Шайрати музофоти Ҳумс, ки аз он ҷо ба гуфтаи Хадамоти иктишофии Амрико ҳамлаи кимиёвӣ ба Хан-Шайхуни музофоти Идлиб оғоз гардидааст, партоб карда шуданд.

Бино ба гузориши «Би-би-си», наворҳои  харобсозӣ вуҷуд надошта, оид ба қурбониён ва зарардидагон то ҳол иттилоъ нарасидааст. Дар муроҷиати видеоӣ садои президенти ИМА Доналд Трамп баръало меларзид ва ӯ мустақиман аз қароргоҳаш «Мар-а-Лаго» дар Флорида муроҷиат мекард.

Дар он лаҳза ҳамроҳ бо Трамп дар Мар-а-Лаго роҳбари Пентагон Ҷеймс Мэттис, котиби давлатӣ Рекс Тиллерсон ва мушовир оид ба амнияти миллӣ генерал Макмастер буданд.

Эҳтимол қарори ниҳоии ҳамларо ҳар чорашон қабул карда бошанд.

 Ҳеҷ ҳамоҳангие набуд

Бо ҷомеаи байналмилалӣ ҳеҷ ҳамоҳангие набуд, чунон ки ваколати СММ. Амали якҷонибаи Пентагон дар рӯҳияи ҳамлаҳо ба Югославия, Ироқ ё Либия. Аввалин шарҳҳо дар телевизионҳои Сурия: «Ҳамлаи мушакии қувваҳои ҳарбии ИМА ба пойгоҳи ҳукуматӣ ҳамлаи таҷовузкорона аст».

Як соат камтар то ҳамла дар Шӯрои амнияти СММ ҳанӯз машваратҳои пӯшида сурат мегирифтанд. Ин машваратҳоро Россия, пас аз оне ки ИМА, Британиияи Кабир ва Франсия доир ба ҳодисаи кимиёвии музофоти Идлиб қатъномаи хеле вазнин гузошта буданд, талаб намуд. Дар фавти сокинони осоишта аз силоҳи кимиёвӣ артиши Сурияро айбдор мекарданд.

Баҳсҳои дипломатиро дар Шӯрои амният оид ба қатънома дар бораи вазъи музофоти Идлиби Сурия ИМА ва иттифоқчиёнашон қасдан дар муқовимати кушода мегузаронданд. Аллакай лоиҳаи се ҳуҷҷат навишта шуда буд, вале кишварҳои ғарбро танҳо аз худашон қаноатманд мекард.

«Ҳам барои шумо хабарнигорон ва ҳам барои мо кормандони дипломатӣ пӯшида нест, ки ҳамаи ин муҳокимаҳо дар Шӯрои амнияти СММ дар заминаи овозаи иттилоотии воқеӣ оид ба омодагии амалиёти ҳарбӣ мегузаранд. Бинобар ин, ҳоло мо дар машваратҳо рӯирост гуфтем, ки муаллифони ин гуна нақшаҳоро лозим аст, ки ҷиддӣ андешанд ва бубинанд, ки амалҳои низомӣ дар Ироқ, Либия ва дигар кишварҳо ба чӣ оварда расонданд. Огоҳ намудем, ки ҳамаи оқибатҳои имконпазир ба виҷдони онҳое, ки дар фикри ин гуна лоиҳаҳоянд, гузошта мешаванд», — гуфт муовини намояндаи доимии Россия дар СММ Владимир Сафронков.

Россия ҳамчун аъзои доимии Шӯрои амният ҳуқуқи вето дорад. Ва онҳое, ки ҳамлаи шабонаро ба Сурия омода карданд, хуб медонистанд, ки дипломатҳои мо тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ метавонанд онро истифода намоянд. Шояд беҳуда нест, ки пас аз як дақиқаи хабари ҳамла дар «Вашингтон пост» таҳти унвони «Россия чӣ гуна ҷавоб медиҳад» мавод нашр шуд.

Артиши Сурия пешакӣ ҳайати кормандонро таҳвил дод

Бино ба иттилои ABC News, низомиёни Сурия пеш аз ҳамлаи мушакии Амрико ҳайати кормандон ва таҷҳизоти пойгоҳро таҳвил додаанд. Амалиёти фаврии низомиён аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҳамлаи шабонаи ИМА-ро ба фурудгоҳи Шайрат пешбинӣ кардаанд.

Чанде пеш дар телевизиони давлатии Сурия бидуни тафсилот эълон намуданд, ки ҳамлаи мушакии ИМА ба пойгоҳи Сурия ба талафот оварда расонд.

 Террористони ДОИШ ба ҳамла шурӯъ карданд

Ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба минтақаи фурудгоҳи «Шайрат»-и Сурия, ки ба он зарбаи ҳавоӣ зада шуда буд, ҳамларо шурӯъ карданд.

Ҳамзамон вакили Конгресс аз Ҳизби демократҳои ИМА Тулси Габбард қарори роҳбари Амрикоро доир ба зарбаи мушакӣ ба пойгоҳи ҳарбии Сурия кӯтоҳбинона хонд. Ба гуфтаи ӯ, ин қарор метавонад ба «ҷанги ҳастаӣ миёни ИМА ва Россия» боис гардад. Дар ин бора «The Huffigton Post» хабар медиҳад.

«Ин қарори кӯтоҳбинона аст, ки метавонад боиси фавти аҳолии осоишта, гурезагони нав, пурзӯршавии «Ал-Қоида» ва дигар террористон ва эҳтимол ҷанги ҳастаӣ миёни ИМА ва Россия гардад», — гуфт Габбард.

 Россия даъвати фаврии Шӯрои амнияти СММ-ро талаб кард

Ҳамлаи мушакии Амрико ба пойгоҳи ҳавоии Сурия метавонад мувофиқа бо мухолифини Сурияро, аз ҷумла дар майдони Женева зери суол гузорад. Дар ин бора роҳбари Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба мудофиа ва амният Виктор Озеров ба «РИА Новости» изҳор намуд.

Ба гуфтаи вакил, ҳамлаи ИМА ба пойгоҳи ҳавоӣ ҳамчунин метавонад кӯшишҳои дар мубориза бо терроризм аллакай андешидашударо аз байн барад.

Ҳамчунин ӯ изҳор дошт, ки Россия дар робита ба ҳамлаи мушакии ИМА ба пойгоҳи ҳавоии Сурия даъвати фаврии Шӯрои амнияти СММ-ро талаб мекунад. Ба ақидаи ӯ, ин ҳамларо метавон ҳамчун амали таҷовузкорона нисбат ба давлати аъзои СММ ҳисобид.

Илова бар ин, Озеров зикр намуд, ки ҳамлаи ИМА метавонад ҳамгироии низомиёни рус ва амрикоиро дар Сурия халалдор созад, чунки Вашингтон, қабл аз ҳамла, бо роҳбарияти Россия алоқа накард.

Шаби ҷумъа, 7 апрел, Пентагон бо амри Доналд Трамп бо мушакҳои болдор ба фурудгоҳи Шайрат, ки онро неруҳои ҳукумати Сурия истифода мекунанд, зарба зад.

Вашингтон Димишқро дар истифодаи моддаҳои заҳролуд зимни ҳамлаи ҳовоӣ ба музофоти Идлиб, ки 4 апрел сурат гирифт ва бар асари он даҳҳо нафар ҳалок гардиданд, айбдор кард. Мақомоти Сурия ин айбдоркуниҳоро рад мекунанд.

Исроил қарори Вашингтонро дастгирӣ мекунад

Иерусалим қарори Вашингтонро вобаста ба ҳамлаи мушакӣ ба Сурия дастгирӣ мекунад. Дар ин бора рӯзи ҷумъа, 7 апрел сарвазири ин кишвар Бенямин Нетаняҳу дар саҳифаи «Twitter»-аш навиштааст.

«Исроил қарори президент Трампро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Чӣ бо сухан ва чӣ бо кор президенти ИМА баръало нишон дод, ки тоқати истифода ва паҳн намудани силоҳи кимиёвиро надорад», — навиштааст ӯ.

ИМА Россияро огоҳ карда буд

ИМА Россияро ним соат пеш аз ҳамла ба фурудгоҳи Сурия огоҳ карда буд. Байни роҳбарони ҳар ду давлат – Доналд Трамп ва Владимир Путин робитаи мустақим набуд. Низомиёни Амрико дар бораи омодагӣ ба ҳамлаи мушакӣ ба фурудгоҳи «Шайрат»-и Сурия ним соат пеш аз оғози амалиёт ба ҳамтоёни русашон огоҳинома ирсол намуданд. Дар ин бора нашрияи «Daily Mail» бо истинод ба манбааш хабар дод.

Гуфта мешавад, ки миёни роҳбарони ҳар ду давлат – Доналд Трамп ва Владимир Путин робитаи мустақим набуд. Ҳангоми ҳамла роҳбари Кохи сафед дар қароргоҳаш «Мар-а-Лаго» дар Флорида раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро қабул мекард.

Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон баъдтар таъкид намуд, ки Вашингтон мувофиқа намудани амалиётро бо Кремл  зарур нашуморид.

 Москва ба ҳамлаи ИМА вокуниши расмӣ омода мекунад

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар робита ба ҳамлаи мушакии қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии ИМА ба пойгоҳи ҳавоӣ-ҳарбии Шайрат дар музофоти Ҳумси Сурия изҳороти махсус омода мекунад. Дар ин бора шабакаи «Россия 24» бо истинод ба намояндаи расмии ВКХ Россия Мария Захарова хабар дод.

Сарфи назар аз он, ки роҳбарияти Сурия алоқамандии худро ба ҳамлаи кимиёвӣ инкор мекард ва Москва ба тафтишоти мустақили ҳодиса даъват менамуд, ИМА аз амалҳое, ки ба гуфтаи Трамп, бояд тоқатнопазириро аз истифодаи силоҳи мамнӯъ нишон медоданд, худдорӣ накарданд.

«Ҳеҷ шубҳа нест, ки дар паси ҳамлаи кимиёвӣ неруҳои ҳукумати Сурия меистанд. Димишқ уҳдадориҳои байналмилалии худро дар ин соҳа вайрон кард. ИМА ҳаётан ба он ҳавасманд аст, ки силоҳи кимиёвӣ истифода нашавад», — изҳор дошт Трамп.

Путин инро таҷовуз меҳисобад

Котиби матбуоти Кремл Дмитрий Песков изҳор дошт, ки президенти Федератсияи Росссия Владимир Путин ҳамлаи ИМА-ро ба иншоот дар Сурия таҷовуз бар зидди соҳибистиқлолии давлат меҳисобад. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

«Президент зарбаҳои Амрикоро ба Сурия таҷовуз бар зидди соҳибистиқлолии давлат дар риоя нагардидани меъёрҳои ҳуқуқҳои байналмилалӣ меҳисобад», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Песков, комилан нодида гирифтани омилҳои истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар Сурия аз ҷониби террористон вазъро муташанниҷ мекунад. Илова бар ин, «ин қадами Вашингтон ба муносиботи бе ин ҳам дар ҳолати таассуфовар қарор доштаи Амрикову Россия зиёни калон мерасонад.

«Пеш аз ҳама, Путин бар он назар аст, ки ин иқдом моро ба ҳадафи ниҳоии мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ наздик намесозад», — зикр кард Песков.

Шаби ҷумъа президенти ИМА Доналд Трамп хабар дод, ки ба зарбаи мушакӣ задан ба фурудгоҳи Сурия, ки гӯё аз он ҷо ҳамлаи кимиёвӣ содир шудааст, амр додааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки зарба бо мушакҳои болдор аз киштиҳои қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии ИМА зада шудааст. Тибқи маълумоти охир, бар асари ин ҳамла 5 нафар ба ҳалокат расида, 7 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Зарбаи ИМА ҳамаи тайёраҳои пойгоҳи ҳавои Сурияро аз кор баровард

Пойгоҳи ҳавоии «Шайрат» пас аз зарбаи «Томагавкҳо»-и Амрико хисороти зиёд дид ва техникаҳои ҳавоии дар он ҷо буда аз кор баромаданд. Дар ин бора «РИА Новости» хабар медиҳад.

Бино ба иттилои шабакаи телевизиони «SANA», сӯхтори баъди зарбаи мушакӣ ба вуқӯъпайваста идома дорад.

Чанде пеш манбаи «РИА Новости» хабар дод, ки  ҷангиёни гурӯҳи террористи «Давлати исломӣ» дар баробари зарбаи мушакии ИМА ба мавқеи артиши Сурия дар шоҳроҳи Ҳумс-Фурклюс-Палмира ҳамла кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, террористон соати 2:00 ба мавқеи артиш дар минтақаи роҳи Ҳумс-Шайрат ҳамла карда, ҳудуди ишғолкардаро беш аз як соат то омадани қувваи ёрирасон нигоҳ доштаанд. Ҳоло артиш мавқеи ҷангиёнро аз роҳ то биёбон танг мекунад.

Британияи Кабир ҳамлаи мушакии ИМА-ро дастгирӣ кард

Британияи Кабир зарбаи мушакии ИМА-ро ба пойгоҳи ҳавоии ҳукуматии «Шайрат» дар Сурия дастгирӣ карда, онро «ҷавоби муносиб» хонд.

Тавре нашрияи «The Mirror» хабар медиҳад, ҳукумати Британия дастгирии пурраи худро аз амали президенти Амрико Доналд Трамп эълон кард.

«Ҳукумати Британияи Кабир амали ИМА-ро, ки ба фикри мо, ҷавоби муносиб ба ҳамлаи кимиёвии ваҳшиёнаи артиши Сурия мебошад ва ба пешгирӣ намудани ҳамлаҳои минбаъда равона шудааст, комилан дастгирӣ менамояд», — иброз намуд намояндаи Дафтари Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳида.

Марин Ле Пен ҳамлаи ИМА-ро ба пойгоҳи ҳавоии Сурия маҳкум кард

Номзад ба мансаби президенти Франсия, роҳбари ҳизби «Ҷабҳаи миллӣ» Марин Ле Пен зарбаи мушакии ИМА-ро ба фурудгоҳи Сурия маҳкум кард. Дар ин бора «РИА Новости» хабар медиҳад.

«Он чизе ки дар Сурия рух дод – даҳшатангез аст ва ман онро қатъиян маҳкум мекунам», — изҳор намуд Ле Пен ба шабакаи телевизиони «France 2» ва зикр кард, ки аз чунин амали мақомоти Амрико дар ҳайрат аст.

Ле Пен афзуд, ки бояд аввал «натиҷаҳои тафтишоти байналмилалиро пеш аз ҳамла кардан ба Сурия интизор шуд».

«Ба демократия ва мардуми Сурия бояд имкон дод, ки андешаи худро баён созанд. Бахусус бояд он роҳбари худро интихоб намояд», — иброз дошт Ле Пен.

Чин ба зарбаҳои ИМА ба Сурия вокуниш кард

Хуа Чунин, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳор дошт, ки ҳукумати Чин интихоби кардаи мардуми Сурияро ба манфиати президент Башор Асад эҳтиром мегузорад. Дар ин бора «РИА Новости» хабар медиҳад.

«Аввалан, иҷозат диҳед бигӯям, ки Чин ҳеҷ гоҳ ба корҳои дохилии давлати дигар дахолат намекунад. Президенти Сурия Асад аз ҷониби мардуми Сурия интихоб гардидааст ва мо ин интихоби мардумро эҳтиром мегузорем. Мо бар он назарем, ки мардуми Сурия бояд сарнавишташро муайян намояд», — гуфт ӯ.

Хуа Чунин афзуд, ки Чин ба тақвияти ҳамоҳангии ҳамкории байналмилалӣ доир ба ин масъала умед дорад.

Апрел 7, 2017 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Мощная бомба-2Вазъи мураккаб дар ҷаҳон: ИМА дар Афғонистон бомбаи фавқулиқтидори ғайриҳастаӣ истифода кард
Президент ПоэтыКамол Насрулло: «Мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён падидаи нодиру бесобиқа аст»
Абдулвохид Шамолов-2НАВРЎЗИ АҶАМ: дари мардуми ориёӣ ҳамеша барои меҳмон боз буд…
DSC_0418_ _ копияНаврӯз-суннати мондагори ваҳдатгаро
Президент День печатиЭмомалӣ Раҳмон: «Ман аз бисёр навиштаҳои рӯзноманигорон огоҳ ҳастам ва онҳоро дар мавридҳои зарурӣ мавриди истифода қарор медиҳам»
32805101740_a451dbc7bc_zСуханронии Пешвои миллат дар 13-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ
Эмомали Рахмон и Навоз ШарифМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Навоз Шариф
33059821761_4564daccc0_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган
32372503813_3013f22d91_zИштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кори Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон
RIA-NovostiВАО-и Россия сафари Путин ба Тоҷикистонро васеъ инъикос намуданд
33021788341_1db111bdac_zМулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия
В.В.ПутинИстиқболи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе