Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»
ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тайи панҷ соли охир, мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар Сайёра гашта истодаем. Тибқи гузориши коршиносон, июли соли 2024 ҳамчун моҳи гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо сабт шуда, ин сол нишондиҳандаи баландтарин дар ин зимн ба қайд гирифта шуд. Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем. Ин иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор» аст, ки имрӯз ба таври маҷозӣ таҳти раисии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ баргузор гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон шуданд, ки Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз мамлакатҳои осебпазири ҷаҳони Ҷануб ба шумор меравад.
«Ҷумҳурии мо ҳамасола ба обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад, ки аз он хисороти зиёди молӣ ва дар бисёр мавридҳо талафоти ҷонӣ мебинад», — изҳори таассуф намуданд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба мақсади паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро то соли 2030 татбиқ менамояд.
«Итминон дорам, ки натиҷаҳои Саммити имрӯза барои баррасии фарогири нигарониҳои ҷаҳони Ҷануб дар доираи чорабиниҳои дигари сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла Саммити ояндаи Созмони Милал ва Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Боку заминаи босазо гузошта, ин масоилро мавриди таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи башарӣ қарор хоҳанд дод»,- иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






