Дар Душанбе беҳтарин нозирони минтақавии сол муайян гардиданд

Апрель 15, 2017 09:56

ДУШАНБЕ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ва ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол»-ро эълон намуда буд.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ин маврид қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 12 апрели соли равон «Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» ба тасвиб расид.
Тибқи қарори мазкур Комиссияи озмун вобаста ба ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» тасдиқ гардида, Муҳаммадӣ Неъматов, капитани милитсия, нозири калони минтақаи хизматии маъмурии №11, шуъбачаи №2 ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур — ҷойи якум, Фарҳод Эшмаҳмадов, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №27, шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2 дар ноҳияи Сино — ҷойи дуюм ва Муқимҷон Юсупов, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №2 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ — ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Ба ғолибони озмун барои ҷойи аввал 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ, ҷойи дуюм 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ ва ҷойи сеюм 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ва ба ҳар як ғолиб Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти «Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе дар Рӯзи пойтахт ба таври тантанавӣ супорида мешавад.

Апрель 15, 2017 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи забони давлатӣ омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи сохтмони корхонаи коркарди партовҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар Майдони Истиқлоли пойтахт барномаи консертии ботантана баргузор гардид
ДУШАНБЕ — ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ДИЛРАБОТАР МЕГАРДАД. Симои пойтахт ба таври шинохтанашаванда дигаргун гаштааст
Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ доир шуд
СИВУ СЕ БАҲОРИ ОБОДОНИИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шаҳри озоду зебо ва шукуфону дилрабо мубаддал гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд
Имрӯз дар назди Театри давлатии академии опера ва балет 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана таҷлил гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба истиқболи 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 12500 нафар кумакҳои пулию моддӣ расонида шуд