Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «BEST UNIVERSITY» гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаи «BEST UNIVERSITY»-ро ба роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур супорид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷоизаи мазкур дар ҷаласаи ҷамъбастии Вазорати маориф ва илм оид ба фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли равон, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор гардид, супорида шуд.
Бояд гуфт, ки Иттиҳодияи Академияи Оксфорди Англия бо пешниҳоди Кумитаи номиналии байналмилалӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро барои нишондодҳои шоён дар соли 2016, аз қабили дастрасии таълим, сифати хизматрасонии таълимӣ, касбияти омўзгорон, сатҳи аккредитатсияи донишгоҳ, таъминот бо пойгоҳи техникӣ, иштироки фаъол дар барномаҳои таълимии байналмилалӣ ва мубодилаи устодону донишҷӯён бо муассисаҳои таълимию илмии байналмилалӣ, истифодаи тарзу усули навини таълиму барномаҳо, густариши робитаҳои байналмилалӣ, ки пурра ба номгӯи «Best regional University» мутобиқ аст, бо мукофоти байналмилалии «BEST UNIVERSITY» («ДОНИШГОҲИ БЕҲТАРИН») қадрдонӣ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






