Футбол, лигаи олӣ, даври шашум: ҳамагӣ панҷ гол дар чор бозӣ

Апрель 17, 2017 16:33

ДУШАНБЕ, 17.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Даври шашуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ, ки дирӯз ҷамъбаст шуд, даври аз ҳама камголтарин дар мавсими нави футбол маънидод мешавад. Дар чор бозии ин давр ҳамагӣ 5 маротиба тӯб вориди дарвоза гардид.
Танҳо «Истиқлол» дар ин давр бар «Панҷшер» бо натиҷаи 2:1 ғолиб омад. «Барқчӣ» бо «Хуҷанд» 1:1, «Регар- ТадАЗ» -КМВА «Помир» 0:0 ва «Ҳосилот» -«Вахш» 0:0 вохӯриҳояшонро мусовӣ ба анҷом расониданд.
Баъди даври шашум чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол» баъди 4 бозӣ бо 10 хол ва «Ҳосилот» бо ҳамин миқдори имтиёзҳо («Ҳосилот» 6 бозӣ гузаронидааст) дар садри ҷадвали мусобиқот қарор доранд.
Даври навбатии Чемпионати мамлакат 22-юм ва 23-юми апрел гузаронида мешавад, ки дар он «Хуҷанд» бо «Регар-ТадАз», «Панҷшер» бо «Барқчӣ»(22-юм) , «Вахш» бо «Истиқлол» ва КМВА «Помир» бо «Ҳосилот» (23-юм) вориди майдон мешаванд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6.
«Истиқлол» «Панҷшер» 2:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 20 аз пеналтӣ (1:0). Беҳрӯз Ниёзов, 58 (1:1). Дмитрий Барков, 66 (2:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Дэвид Мавутор, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Фаридун Шарифов (Нуриддин Давронов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Ромиш Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов (Дмитрий Барков, 46).
«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Сафар Наботов, Равшан Азизов, Алишери Ҳотам, Руслан Тиллоев, Беҳрӯз Ниёзов, Шавкат Худойназаров, Абдухалил Боронов, Ҳасан Холов, Фаррух Фузайлов, Алишер Салимов (Сорбон Авғонов, 90+2), Фирдавс Зайнуллозода (Ҳусейн Умаров, 55).
Огоҳӣ: Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Беҳрӯз Ниёзов, Равшан Азизов («Панҷшер»).
Бозингари беҳтарин: Ҷаҳонгир Алиев («Истиқлол»).
Довари майдон: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).
14 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе.
«Барқчӣ» «Хуҷанд» 1:1
Голҳо: Далер Ёдгоров, 11 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 69 (1:1).
«Барқчӣ» (Ҳисор): Беҳрӯз Хайриев, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Оятулло Сафаров, Зиёвуддин Фузайлов, Далер Ёдгоров (Тоҳир Малодӯстов, 37), Кароматулло Саидов, Мӯҳсинҷон Парпиев (Саидмухтор Азимов, 82), Амирҷон Сафаров (Маҳмадзарифи Абдураҳим, 59), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев.
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Манучеҳр Ахмедов, Далерҷон Тӯхтасунов, Соҳибҷон Ҳакимов, Руслан Раҳматов, Дилшод Каримов (Шоҳрух Раҷабматов, 59), Эҳсон Бобоев, Хоҷибой Зиёев, Ҳикматулло Расулов, Давронҷон Тӯхтасунов, Фарҳод Тоҳиров (Мубинҷон Мӯминов, 80).
Огоҳӣ: Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»), Фарҳод Тоҳиров, Эҳсон Бобоев («Хуҷанд»).
Бозингари беҳтарин: Кароматулло Саидов («Барқчӣ»).
Довари майдон: Абдурашид Муродов (Турсунзода).
Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қабодиён).
Комиссари бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).
16 апрел. Душанбе. Майдони дуюми Варзишгоҳи марказӣ.
«Ҳосилот» «Вахш» 0:0
«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Сафаралӣ Каримов, Содиқ Мӯсо, Ҳасан Рустамов, Абдусамад Ходҷибоев, Хайрулло Азизов, Мухаммадҷони Ҳасан, Абдурасул Раҳмонов, Акуффо Гершон, Наврӯз Рустамов, Агблей Ҷонс.
«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳовиддин Холиқов, Акмал Сабуров, Азамҷон Муродов, Азим Раҳмонов, Хуршед Бекназаров, Умарҷон Шарифов, Худойдод Узоков, Ҷамолиддин Зардиев, Собир Холматов, Далер Умаров, Холмурод Назаров.
Огоҳӣ: Акуффо Гершон, Сафаралӣ Каримов («Ҳосилот»), Умарҷон Шарифов, Баҳовиддин Холиқов («Вахш»).
Бозингари беҳтарин: Хуршед Бекназаров («Вахш»).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Нозири доварон: Владимир Домуллоҷонов (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Субҳон Хӯҷамов (Душанбе).
16 апрел. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ.
«Регар-ТадАЗ» КМВА «Помир» 0:0
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Далер Азизов (Владимир Сисоев, 63), Алишер Шарифов, Бахтиёр Қаландаров, Дороб Эргашев, Саидхони Амрохон, Расул Файзов, Бахтиёр Чориев, Шерзод Муҳамадиев (Абдураҳим Тошев, 46), Фирӯз Қараев, Евгений Хотимский (Фирӯз Раҳматов, 78), Комрон Турсунов.
КСВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Зоир Ҷӯрабоев, Идибек Ҳабибуллоев, Комрони Мирзохон Фирдавс Чақалов, Комрони Мирзонаҷот, Мисиам Иносент (Билол Сулаймонов, 70), Шарафҷон Солеҳов (Самад Шарифов, 82), Маҳмадалӣ Содиқов, Шамсиддин Қосимов, Меҳдӣ Ҷализӣ.
Огоҳӣ: Саидхони Амрохон («Регар-ТадАЗ»), Комрони Мирзонаҷот, Комрони Мирзохон, Маҳмадалӣ Содиқов (КМВА «Помир»).
Бозингари беҳтарин: Анатолий Старушенко (КМВА «Помир»).
Довар дар майдон: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).
Нозири доварон: Турдибек Кушназаров (Гулистон).
Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).
15 апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург».

    И В Н П М О
1 «Истиқлол» (Душанбе) 4 3 1 0 16-3 10
2 «Ҳосилот» (Фархор) 6 3 1 2 9-11 10
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 2 2 1 6-4 8
4 КМВА «Помир» (Душанбе) 5 1 4 0 1-0 7
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 6 1 3 2 3-4 6
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 6 1 3 2 2-4 6
7 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 6 1 2 3 4-8 5
8 «Барқчӣ» (Ҳисор) 6 1 2 3 3-10 5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») 8 , Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Дмитрий Барков («Истиқлол») 3 тӯбӣ.

Апрель 17, 2017 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт