Мӯҳсин Муҳаммадиев: «Мо дастаи «Алтин Асир»-ро хуб медонем»

Апрель 4, 2017 15:35

ДУШАНБЕ, 04.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Мӯҳсин Муҳаммадиев пеш аз бозии даври дуюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон, ки шоми имрӯз дар шаҳри Балканобод баргузор мегардад, дар нишасти матбуотии пешазбозӣ ба саволҳои хабарнигорон посух дода, зикр кард, ки дастаи «Алтин Асир»-ро хуб омӯхтаанд ва дар бораи он маълумоти кофӣ доранд.
«Мо нисбат ба дастаи «Алтин Асир эҳтиром дорем ва ба чӣ қодир будани онро хуб медонем. Имрӯз бозии ниҳоят пуршиддату ҷолибро интизорем, гумон мекунам, ки мухлисони зиёд ба варзишгоҳ меоянд. Дар назди мо як мақсад гузошта шудааст-танҳо ғалаба дар ҳар бозӣ. Фикр мекунам, ки ҳарифони мо низ дар наздашон чунин вазифа гузоштаанд ва ҳамаи дастаҳои гурӯҳ барои ба даври минбаъда роҳхат гирифтан мубориза мебаранд. Мо аз қабули хушу самимонаи мизбонон сарфарозем»,-гуфт Мӯҳсин Муҳаммадиев.
Артём Барановский, муҳофизатгари дастаи «Истиқлол» низ дар тақвияти гуфтаҳои сармураббӣ илова кард, ки «хати ҳимояро мустаҳкам карда, ҳуҷуми бобарорро созмон додан мақсади даста аст. Ба Туркманистон мо танҳо барои натиҷаи мусбат омадаем ва барои ғалаба мубориза мебарем» -афзуд Артём.
Сармураббии дастаи «Алтин Асир» Язқулӣ Хоҷагелдиев дар нишаст изҳор намуд, ки дастааш беҳуда се сол пайдарпай чемпиони Туркманистон нашудааст ва новобаста ба он, ки чанд нафар аз бозингаронаш дар вохӯрӣ бо «Истиқлол» ба даста кумак карда наметавонанд, онҳо танҳо барои пирӯзӣ ба майдон меоянд.
«Дастаи «Истиқлол» солҳои охир бозии олӣ нишон медиҳад ва чун мо барои ноил шудан ба се имтиёз вориди майдон мегардад. Бартарии мо дар он аст, ки дар майдони худ дар назди мухлисонамон бозӣ мекунем. То кунун ягон даста аз гурӯҳи мо имконияти дар маҷмӯъ ғолиб омаданро аз даст надодааст ва ҳама дар як сатҳ қарор доранд»,-гуфт сармураббии дастаи «Алтин Асир» Язқулӣ Хоҷагелдиев.
Ёдрас мешавем, ки вохӯрии дастаҳои «Алтин Асир» ва «Истиқлол» дар варзишгоҳи «Спорт топлуми»-и шаҳри Балканобод соати 17:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мегардад ва мухлисони футболи кишварамон онро мустақиман тавассути Телевизиони «Варзиш» дида метавонанд.

Апрель 4, 2017 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт