Қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуд

Апрель 5, 2017 15:13

ДУШАНБЕ, 05.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи якум гузаронида шуд. Тавре сомонаи ФФТ хабар медиҳад, Чемпионати имсола ду марҳаларо дарбар мегирад ва дар он 12 даста ширкат меварзанд.
Ба ҳамин тартиб, дар мавсими нави футбол дар лигаи якум дастаҳои «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Зарафшон» (Панҷакент), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Ҳулбук» (Восеъ), «Парвоз», «Сомон» (Данғара), «Эсхата» (Хуҷанд), «ФК-83» (Душанбе), «Зарбдор» (Исфара) ва «Саройкамар» (Панҷ) барои медалҳо мубориза мебаранд.
Дастаҳо аз рӯи интихоби рақамҳо ҷои худро дар қуръакашӣ муайян карданд ва он ба таври зайл аст:
1. «Локомотив-Помир» (Душанбе)
2. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)
3. «Равшан» (Кӯлоб)
4. «Зарафшон» (Панҷакент)
5. «Ваҳдат» (Ваҳдат)
6. «Парвоз»
7. «Ҳулбук» (Восеъ)
8. «Сомон» (Данғара)
9. «Эсхата» (Хуҷанд)
10. «ФК-83» (Душанбе)
11. «Зарбдор» (Исфара)
12. «Саройкамар» (Пянҷ)
Тибқи қуръакашӣ дар даври якуми мусобиқа, ки миёнаҳои моҳи апрел шурӯъ мегардад, дастаҳои зерин бо ҳам қувва меозмоянд:
«Локомотив-Помир» «Саройкамар»
«Кӯктош» «Зарбдор»
«Равшан» «ФК-83»
«Зарафшон» «Эсхата»
«Ваҳдат» «Сомон»
«Парвоз» «Ҳулбук»
Қуръакашии даврҳои минбаъда аз рӯи низоми Бергер гузаронида мешавад ва ҳар як даста дар мавсим 22 вохӯрӣ барпо менамояд. Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаи ғолиб-соҳиби ҷои аввал ба Чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ роҳхат мегирад, соҳиби ҷои дуюм бо дастаи мақоми охирини лигаи олӣ дар бозии гузариш иштирок мекунад ва ғолиб дар мавсими футболи соли 2018 ба қатори дастаҳои Лигаи олӣ шомил мешавад.

Апрель 5, 2017 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт