7 нафар дзюдочӣ аз Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд

Май 24, 2017 15:31

ДУШАНБЕ, 24.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 26-28 майи соли равон дар шаҳри Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба дзюдо баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин мусобиқаи бонуфузи қора 242 варзишгар аз 28 давлат дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 миёни мардон ва дар вазнҳои 48, 52, 57, 63, 70, 78, +78 миёни занон барои медалҳо рақобат мекунанд.

Аз ҷумҳурии мо ба ин чемпионат 7 варзишгар бо 1 мураббӣ сафарбар гардидаанд. Ба иттилои раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов, ҷумҳурии моро дар мусобиқа 7 варзишгар – Суҳроб Боқиев (вазни 60 кило), Хушқадам Хусравов (66), Саидмухтор Расулов, Хоҷазода Беҳрӯз (73), Садр Боев (81), Комроншоҳи Устопириён (90) ва Саидҷалол Саидов (100) бо сарварии мураббӣ Фахриддин Раҳимов намояндагӣ мекунанд.

 

Май 24, 2017 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт