«Душанбе маскани зебоӣ ва озодагист»-ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Май 12, 2017 09:16

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 10 майи соли равон  «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист» ба тасвиб расид. Он бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи то соли 2020, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани 45-умин солгарди Рӯзи байналмилалии муҳити зист нигаронида шудааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр хабар доданд, тибқи қарори мазкур  нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист тасдиқ гардида,  5 июни соли 2017, соати 18:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Душанбе  маскани зебоӣ ва озодагист» баргузор карда мешавад.

Раиси шаҳр бо ин қарор  муовинони Раиси шаҳри  Душанбе, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро вазифадор намуд, ки  барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани чорабинии зикргардида тадбирҳои амалӣ андешанд.

 

 

Май 12, 2017 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи забони давлатӣ омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи сохтмони корхонаи коркарди партовҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар Майдони Истиқлоли пойтахт барномаи консертии ботантана баргузор гардид
ДУШАНБЕ — ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ДИЛРАБОТАР МЕГАРДАД. Симои пойтахт ба таври шинохтанашаванда дигаргун гаштааст
Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ доир шуд
СИВУ СЕ БАҲОРИ ОБОДОНИИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шаҳри озоду зебо ва шукуфону дилрабо мубаддал гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд
Имрӯз дар назди Театри давлатии академии опера ва балет 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана таҷлил гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба истиқболи 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 12500 нафар кумакҳои пулию моддӣ расонида шуд