«Истиқлол» дастаи «Дордой»-и Қирғизистонро бо ҳисоби калони 4:1 шикаст дод

Май 18, 2017 10:40

     ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ«Ховар»/  Шоми 17 май  бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё-2017 дар гурӯҳи «D» миёни дастаҳои «Дордой»-и Бишкек, ҷоизадори чемпионати Қирғизистон ва «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови пойтахти Қирғизистон  баргузор   гардид. Дар  вохӯрӣ дастаи  «Истиқлол» бо ҳисоби калон — 4:1  дастаи «Дордой»-ро  шикаст дод.

Се голи дастаи футболи  «Истиқлол»-ро  Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 8, 46 ва 75-ум ба ҳадаф расонд. Як голи дигарро бозингари мизбонон Егор Потапов (90+3) ба дарвозаи дастааш зад. Голи ягонаи мизбононро  Сулаймон Зарифов дар дақиқаи 50-ум ба дарвозаи меҳмонон ворид кард

Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи «D» 17 май дастаи футболи  «Олтин Асир»-и Ашқобод, қаҳрамони Туркманистон дар майдони худ бо дастаи  «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Чаҳор голи мизбононро Мурод Яхшиев дар дақиқаҳои 33, 42, 82 ва 84-ум ба ҳадаф  расонд. Як голи меҳмононро Миролимҷон Аҳмадов дар дақиқаи 53-юм ба нишон расонд.

Баъди натиҷагирии чор даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «D» дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо 13 имтиёз  дар ҷойи аввал қарор дорад. Дастаи «Олтин Асир»-и Ашқобод низ 13 имтиёз ба даст овардааст, вале бо назардошти таносуби тӯбҳо дар мақоми дуюм ҷой гирифтааст. Дастаи  «Дордой»-и Бишкек бо се имтиёз дар мақоми сеюм аст. Дастаи  «Олой»-и Ӯш бидуни имтиёз дар зинаи охирин — чаҳорум  ҷойгир шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки  бар асоси дастури мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ меёбад. Барои роҳхати ягона дастаҳои «Истиқлол» ва «Олтин Асир» талош доранд. Тақдири роҳхат дар даври охирин дар бозии ин ду даста, ки 31 май дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе барпо мегардад, ҳал хоҳад шуд.

 

 

 

 

Май 18, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт