Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Май 10, 2017 10:43

ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии қабати сеюм, ки иншооти асосии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шумор меравад, шинос шуданд.

Нақби мазкур 1 ҳазору 794 метр дарозӣ дошта, дар як сония имконияти ғунҷоиши 3 ҳазору 500 метри мукааб обро дорад.

Нақби сохтмонии қабати сеюм ҳамчун нақби обпарто асосан барои танзими оби обанбори неругоҳ дар ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла дар вақти баланд шудани сатҳи дарёи Вахш истифода карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо қитъаи бунёди дарвозаҳои таъмирӣ-садамавӣ, ки дар қисмати даромадгоҳи нақби мазкур воқеъ аст, барои анҷоми саривақтии корҳои боқимонда ба масъулони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун ва ширкатҳои пудратӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки бунёди дарвозаҳои таъмирӣ-садамавӣ бо назардошти тамоми талабот ва меъёрҳои ҳозиразамони сохтмонӣ ба пуррагӣ анҷом ёфтааст ва ҳоло корҳо дар иншооти идоракунии дарвозаҳо бомаром идома доранд.

Инчунин дар нақби сохтмонии рақами сеюм аз даромадгоҳ то масофаи 994 метр тамоми корҳо пурра ба итмом расидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, бунёди нақби мазкурро барои босуръат идома ёфтани сохтмони сарбанди НБО Роғун, ки аз марҳилаҳои асосии ин иншооти гидроэнергетикӣ ба ҳисоб меравад, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба Неругоҳи барқи обии Роғун ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмону васлгарӣ дар дарвозаҳои асосӣ-садамавӣ ва шафати моилии нақби сохтмонии қабати сеюм шинос шуда, ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Бояд гуфт, ки дарвозаҳои асосӣ-садамавӣ ва таъмирӣ дар ҳолатҳои зарурӣ барои пешгирӣ аз фишори баланди об хизмат мерасонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, нақбҳои амудӣ ва устувории дарвозаҳо ҳамаҷиҳата омӯхта шуда, бо истифода аз варақаҳои махсуси оҳанин бунёд гардидаанд.

Дарвозаҳо дар нақби мазкур дар ҳоле истифода мегарданд, ки дар вақти сохтмон ва баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии Роғун дар ҳолатҳои баланд шудани сатҳи оби дарё ва обанбор ба таври автоматӣ кушода шуда, эҳтимолияти ҳолатҳои садамавиро рафъ менамояд. Дар ин сурат дарвозаҳо кушода гардида, оби зиёдатии обанбор ба дарё ҷорӣ мешавад.

Таъкид шуд, ки моҳона ҳаҷми оҳану фулузоти васлу насбгардида дар нақби сохтмонии қабати сеюм ба ҳисоби миёна наздики 400 тоннаро ташкил дода, дар маҷмӯъ ин нишондод ба 4 ҳазору 191 тонна расидааст.

Корҳои нақбканӣ ва анкергузорӣ дар шафати моил ва қисмати баромадгоҳи нақб ба охир расида, имрӯзҳо коргарону мутахассисон дар қитъаҳои алоҳида ба арматурбандӣ, бетонрезӣ, корҳои сементатсионӣ машғул мебошанд.

Дар баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то имрӯз дар ҳаҷми зиёда аз як миллион метри кубӣ корҳои заминӣ иҷро шудаанд.

Айни замон корҳои сохтмонӣ дар нақби мазкур дар асоси ду баст, яъне шабонарӯзӣ идома доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳо дар нақби сохтмонии рақами сеюм ва суҳбат бо коргарону мутахассисон таъкид доштанд, ки ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.
Шиносоӣ бо рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати сеюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» 10.05.2017

Май 10, 2017 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдгориҳои Осорхонаи Ватикан шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд