Суханронии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи ғалаба

Май 9, 2017 09:47

09.05.2017, шаҳри Душанбе

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Соли ҷорӣ ба анҷоми набардҳои хунини ҷанги солҳои 1941-1945, ки таърихи башарият мислашро надида буд ва ғалабаи инсоният бар фашизми гитлерӣ 72 сол пур мешавад.

Баробари ҳамаи халқҳои сулҳхоҳи олам мардуми Тоҷикистон низ ин рӯзи таърихиро ҷашн мегиранд.

Дар ин лаҳзаҳои идона 72-юмин солгарди ин санаи таърихиро ба ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, ки дар набардҳои шадиди ин ҷанг мардонавор ширкат карда, барои таъмин намудани пирузӣ бар фашизм саҳми арзанда гузоштаанд, инчунин, ба тамоми мардуми сулҳхоҳи кишвари маҳбубамон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони мамлакат фазои орому осуда, хонаи обод ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Ҳамчунин, меҳмонони гиромӣ, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи шарики стратегиамон–Федератсияи Россияро ба ифтихори ҷашн табрик мегӯям.

Ҷашни Ғалаба барои тамоми халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро таърихи башар чунин корнамоиву ҷонбозиҳои оммавии халқҳоро, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дода буданд, ёд надорад.

Маҳз дар натиҷаи муборизаи фидокоронаву қотеонаи халқҳо оташи ҷанги даҳшатнок хомӯш ва озодии мардумони сайёра таъмин карда шуд.

Бинобар ин, ки ҳар сол мардуми сулҳдӯсти сайёра 9-уми майро ҳамчун санаи пирӯзӣ бар фашизми гитлерӣ ҷашн мегиранд.

Зеро ин ғалабаи бузург натиҷаи дӯстии халқҳо, муборизаи дастаҷамъона ва намунаи олии ватандӯстии халқу миллатҳои гуногун барои ҳимояи Ватан ва озодӣ мебошад.

Бо гузашти солҳо ва хусусан, дар шароити торафт вусъат гирифтани нооромиву бесуботӣ дар минтақаву кишварҳои мухталифи сайёра арзишу аҳаммияти он дар байни мардуми олам боло меравад.

Ин санаи дар ҳақиқат таърихӣ на танҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрӯза низ гиромиву муқаддас мебошад, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падару бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва истиқлолу озодӣ ба шумор меравад.

Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд.

Аз аввалин лаҳзаҳои оғози ҷанг мардуми Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷои худро ба ҷабҳа сафарбар намуданд.

Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳо шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани карзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.

Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозӣ кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Ҳукумати мамлакат дар тӯли зиёда аз 25 соли соҳибистиқлолӣ нигоҳубину парастории иштирокчиёну собиқадорони ҷанг, расонидани кумакҳои молиявӣ ва дигар ғамхориҳои иҷтимоиро вазифаи асосии худ ҳисобида, дар ин самт ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид ва ин корро дар оянда низ идома мебахшад.

Зеро такроран таъкид менамоям, ки шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси халқамон дар давраҳои ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, ҳаёту фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва маслиҳату машварати онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва рушди давлати соҳибистиқлоламон дастури амал ба ҳисоб меравад.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ғалаба бар фашизм ҷаҳониёнро бори дигар водор месозад, ки доир ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамгироиву ҳамкорӣ ва тақвияти равобити халқу давлатҳо ҳамчун шарти асосии ҳифзи сулҳу субот, бунёди рӯзгори орому осудаи мардуми сайёра ва омили муҳимтарини муборизаи муштарак бар зидди нерӯҳои бадхоҳ саъю талош намоянд.

Алалхусус, дар шароити ноором ва бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки хатарҳои нав дар он вусъати бесобиқа пайдо карда, мардуми сайёраро ба нигарониву ташвиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардаанд, тарғибу ташвиқи сулҳу субот, дӯстиву ҳамкорӣ ва матонату шуҷоати фарзандони Ватан дар ҷодаи мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили экстремизму терроризм, миллатгароиву нажодпарастӣ ва дигар зуҳуроти нангину хатарнок, инчунин, барои тарбияи эҳсоси ватандӯстиву озодихоҳии ҷавонон ва баланд бардоштани рӯҳияи ватанхоҳии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳим мебошад.

Зеро вазъи сайёра имрӯз нисбат ба ҳар вақти дигар ниҳоят печидаву мураккаб гардидааст ва бар зидди хатарҳои муосир танҳо тавассути иродаи неки халқҳои олам ва саъю талоши муштарак истодагарӣ кардан мумкин аст.

Инчунин, роҳи ҳалли мушкилоте, ки ҳоло инсоният бинобар гармшавии иқлим ва ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба он рӯ ба рӯ гардидааст, фақат ҳамкориву ҳамгироии байни халқу давлатҳои гуногуни дунё мебошад.

Мо ифтихор дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо имрӯз бо истифода аз сабақу корнамоиҳои падару бобоёни хеш барои ҳимояи марзу буми мамлакат, ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ ва таъмини зиндагии орому осоиштаи мардуми кишвар чун сипари боэътимод ҳамеша омодаанд.

Маслиҳатҳои муфиду насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат баъди гузашти 72 сол ҳам ба наслҳои ҷавон дар бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша роҳнамои зиндагиву фаъолият мебошанд.

Баланд бардоштан ва мустаҳкам намудани рӯҳияи афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ва ифтихори миллӣ омилҳои муҳимтарини таъмини суботу оромии давлат ва ҷомеа мебошанд.

Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат бори дигар хотирнишон месозам, ки бо дарназардошти шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ба тарбияи ватандӯстии ҳайати шахсӣ, риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, таҳкими қонунияту тартибот, баланд бардоштани сатҳи касбият, омодагии ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсии ҳар як хизматчии ҳарбӣ, инчунин, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ватани азизамон эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳанд.

Дар охир бори дигар ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, халқи азизи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо меҳмонону ҳозирини арҷмандро ба муносибати Рӯзи ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар рӯзгори осуда ва сулҳу суботи ҳамешагиро орзу менамоям.

Ҷашни пирӯзии бузург муборак, ҳамватанони азиз!

Май 9, 2017 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид