Дар Душанбе калонтарин дар мамлакат аквапарк ё худ парки обӣ мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ Ховар/. Ба истиқболи ҷашни 20 — солагии Ваҳдати миллӣ дирӯз, 19 июн, бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт маркази нави муҳташами истироҳатии «Обшорон» — калонтарин дар ҷумҳурӣ аквапарк ё худ парки обӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони аквапарк дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 20 000 метри мураббаъ моҳи феврали соли 2016 шурӯъ гардида, намунаи муосиру беҳамтои маҷмааи истироҳативу фароғатӣ маҳсуб меёбад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, маркази мазкур аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавз — шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ дар об иборат буда, бо харҷи 63 миллиону 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Он дар як вақт ба беш аз 300 нафар мизоҷон хизмат мерасонад.
Сохтмони Аквапарки Душанберо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сохтмони махсус» дар ҳамкорӣ бо ширкати италиявии «Престон ва Барбиери» («Preston & Barbieri») дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ва дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расондаанд.
Дар марказ барои истироҳати оилавӣ гӯшаҳои махсуси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири обӣ созмон дода шудааст. Бояд махсус таъкид намуд, ки қисме аз аттраксионҳои марказ намунаи навтарини таҷҳизоти муосири ҷаҳонӣ буда, бори аввал дар Душанбе мавриди истифода қарор дода мешаванд. Маркази истироҳатӣ бо тамоми иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои маъмурӣ, утоқҳои тиббиву табобатӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ошхона барои хизматрасонӣ ба истироҳаткунандагон бо 30 ҷойи нишаст ва дигар иморату иншооти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Оби марказ зери назари мутахассисону табибон қарор дошта, пайваста бо воситаҳои кимиёвӣ поккорӣ мешавад.
Раиси шаҳр бо иншоот ва шароити мавҷудаи истироҳату фароғат дар аквапарк аз наздик шинос шуда, барои ташкили хизматрасонии сифатан хубу муосир ба мардум ва ба макони воқеии истироҳату фароғати шавҳрвандон табдил додани он ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Шодию нишоти кӯдакону наврасонро аз ифтитоҳи ин маркази обии бозию дилхушӣ ҳадду канор набуд. Дарвоқеъ аквапарк бо тарҳи хеле зебову назаррабо ва бо завқу салиқаи баланд сохтаву таҷҳонизида шудааст.
Чунон ки иттилоъ доданд, дар он беш аз 100 нафар бо кори мавсимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд.
Дар ҷараёни боздид аз маркази нави истироҳатӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъкид кард, ки тайи солҳои охир дар пойтахти кишвар иншооти зиёди фарҳангию фароғатӣ бунёд гардида, ба макони асосии сайру истироҳат ва фароғати сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст ва дарвоқеъ ифтитоҳи ҳамин қабил иншооти истироҳативу фароғатӣ ба симои пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ҳусни тоза бахшида, барои тарбияи зебоишиносии кӯдакону наврасон, бо варзиш бештар машғул шудани ҷавонон ва истироҳату фароғати калонсолону меҳмонони пойтахт ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Раиси шаҳр изҳори итминон кард, ки бо бунёди чунин марказҳои фароғативу биноҳои варзишӣ, шумораи ҷавонони варзишгар зиёд шуда, садҳо нафар шаҳрвандон, бахусус ҷавонон бо ҷойҳои нави кори доимӣ таъмин мегарданд.










Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






