Мизи мудаввар оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ

Июль 14, 2017 17:21

ДУШАНБЕ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар «Оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ» баргузор шуд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз ҷамъомад муайян намудани монеаву проблемаҳои соҳа, бартараф намудани камбудиҳо, истифодаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии соҳибкорӣ, омода кардани мутахассисони ҷавобгӯи талабот дар соҳа, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа иборат буд. Дар ҷамъомади мазкур тамоми ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода сухан ронда, зикр намуд, ки маҳз бо талошҳои созанда ва собитқадамонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати хирадмандонаи «дарҳои кушод» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 ба  узвияти комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуда, барои ворид гаштани соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам омад.

Бо ташаббуси навбатии Пешвои миллат Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мақсади асосии ташкили сохтори нав тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат арзёбӣ мегардад.

Дар заминаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки мақсади асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ин таъмин намудани шароитҳои мусоиди ҳукуқӣ барои ташкили фаъолияти самарабахши субъектҳои фаъолияти туристӣ ва дар ин замина таьсиси бозори самаранок ва рақобатпазири сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имконотро барои қонеъгардонии талаботи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба хизматрасониҳои мухталиф ва сифатноки соҳа таъмин намояд.

Дар ҷамъомад ҳадафҳои Кумитаи навтаъсис ва вазифаҳои нави   ширкатҳои сайёҳӣ муаррифӣ карда шуданд.

Июль 14, 2017 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд