Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд

Апрель 3, 2024 09:29

ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар толори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расми ифтитоҳи хатсайри нави мустақиму мунтазам аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Қазоқистон-шаҳри Остона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш роҳбарияти ширкати «Сомон Эйр», Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корпусҳои дипломатӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ иброз намуд, ки ин рӯйдод барои беҳбуди робитаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон мусоидат менамояд, зеро истифода намудани масири нави ҳавоӣ на фақат сафарҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Остона осону мувофиқ менамояд, балки барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистону Қазоқистон низ хеле муҳим  мебошад. Инчунин хатсайр ба ҷолибтар намудани имиҷи шаҳрҳои Душанбе ва Остона бо назардошти нақши ин шаҳрҳо ҳамчун пойтахтҳои ду давлат ва дарвозаи асосии сайёҳии Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат менамояд.

Ин хатсайр ба рушди соҳаи сайёҳии ду давлат такони ҷиддӣ бахшида, ба афзоиши шумораи сайёҳону ҷаҳонгардон мусоидат менамояд. Зеро тавассути истифодаи хатсайри Душанбе — Остона ва баръакс Остона – Душанбе метавон аз Душанбе ба 11 давлати дунё ва аз Остона ба 25 кишвари ҷаҳон парвоз анҷом дод.

Бояд гуфт, ки нахустин парвоз аз Душанбе ба Остона 2 апрел иҷро гардид ва тавре интизор меравад, парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд. Аз 19 апрел шумораи парвозҳо аз Душанбе ба Остона то ду парвоз дар як ҳафта — рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа зиёд мешавад.

Парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 3, 2024 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ