ҲАҚИҚАТ ДАР БОРАИ НАҲЗАТИҲО: ҲНИТ як шохаи «Ихвон-ул -муслимин» аст ва аз терроризми ақидавӣ ва амалӣ кор мегирад

Август 7, 2017 16:17

ДУШАНБЕ, 07.08.2017./АМИТ “Ховар”/. Яке аз равияҳои куҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз тарафи Ҳасан-Ал-банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри  Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии «Ихвон-ул-муслимин» ё «ҷомеаи бародарони исломӣ» ба ҳисоб меравад. Ҳадафи ниҳоии «Ихвон-ул-муслимин» ташкили хилофати исломӣ мебошад, ки, ба қавли пешвоёнашон Ҳасан-Ал-банно ва Саидқутб, бояд аз Испания то Филлипину Индонезия густариш ёбад. Ба ин хилофат Қуръон ва суннат бояд ба марҷаоти(паноҳгоҳи)  ягонаи танзими зиндагии оилавӣ, фардӣ, ҷамъӣ ва давлатии мусалмонон табдил ёбад.

Тибқи  принсипҳои «Ихвон-ул-муслимин»,  ҳадафи якуми онҳо аз он иборат аст, ки бояд шариат танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дасти худ дошта бошад. Ҳадафи дуюми онҳо муттаҳид кардани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон аст. Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ байни ҷарайёнҳои гуногуни исломи сиёсӣ, аз ҷумла: ваҳҳобия, ал-қоида, салафия, ҳизби таҳрир, ДИИШ фарқияти принсипиалӣ вуҷуд надорад. Бар хилофи дигар равияҳои исломи сиёсӣ ихвониҳо барои расидан ба ҳадафи ниҳоии худ, ки ташкили хилофати исломии фаромиллӣ ва умумиҷаҳонӣ аст, аз усулҳои хоси худ, махсусан аз усули «қадам ба қадам» истифода мебаранд. Принсипҳои асосии усули «қадам ба қадам» инҳоянд: ташкил кардани ниҳодҳо ва ячейкаҳои алтернативии худ дар кишварҳое, ки фаъол ҳастанд; тарғиби илмҳои теологӣ, аз ҷумла калому ирфон ва шахсиятҳои таърихии ин илмҳо; ташкили ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ; демогогияи(авомфиребии)  ихвон-ул-муслимин; исломисозии ҷомеа ва давлат «аз боло»; қатли шахсиятҳое, ки муқобили ин ҷараён ҳастанд.

Ихвониҳо дар муддати замони мавҷудияти худ дар кишварҳои гуногун ниҳодҳои худро бо номҳои гуногун таъъсис додаанд. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ дар кишварҳои исломӣ мактабҳо, донишгоҳҳо, дармонгоҳҳо, фондҳои хайрия барои камбизоатон ва донишҷӯён, бонкҳои исломӣ, меҳмонмонхонаҳо, ширкатҳои туристӣ ва марказҳои туристӣ ташкил медиҳанд ва ба ин восита созмонҳои миссионерӣ, мазҳабӣ, хайривӣ ва молиявии исломӣ ташкил дода, зери назорати худ медароранд. Ҳамин аст, ки «Ихвон-ул-муслимин» ба шабаки байналмилалӣ табдил ёфта, даромадҳои худро аз ҳисоби аъзоҳаққӣ, хайрияҳо ва дастгирии молиявии аъзоён ва тарафдоронаш, ки дар кишварҳои нафтхези Халиҷи форс мустақаранд, ба роҳ мондаанд.  «Ихвон-ул-муслимин» дар сар то сари ҷаҳон садҳо гурӯҳҳои худро бо номҳои гуногун таъсис додаанд, ки барои расидан ба ҳадафҳояшон фаъолият менамоянд. Қудратҳои ҷаҳонӣ бошанд, дар навбати худ, барои расидан ба ҳадафҳои худ барои таҳти нуфуз нигоҳ доштани минтақаҳои муайяни мусулмоннишини ҷаҳон аз исломи сиёсӣ ва махсусан аз «Ихвон-ул-муслимин» ва шабакаҳои ба он тобеъ дар ҳолатҳои зарурӣ  истифода менамоянд ва онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ ва таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин менамоянд.

ҲНИТ як шохаи ҳаракат аз «Ихвон-ул-муслимин» буда, аксари роҳбарони он дар асоси китобҳои саркардагони ихвонӣ Саид Қутб ва  Ҳасан ал-Банно ҳадафҳои худро барои бунёди давлати исломӣ ба роҳ мондаанд. Ихвониён, чун ҳадафашон таъсиси як хилофати густурда буд, аз ин рӯ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои таъсис додани ячейкаҳои худ дар минтақаҳои мусалмоннишини ин кишвар шурӯъ аз солҳои 70-уми асри 20 дар шакли пӯшида ва пинҳонӣ гуруҳҳо  таъсис дода, дар солҳои охири мавҷудияти Давлати шӯравӣ, ки бозсозию ошкорбаёнӣ ба вуҷуд омад, ба муборизаи ошкоро гузаштанд ва Ҳизби наҳзати Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар заминаи он ба расмият дароварданд.

Мусаллам аст, ки роҳбарони ҲНИТ чун аз хориҷи кишвар ва махсусан аз ҷониби «Ихвон-ул-муслимин» дастгирӣ меёфтанд, дар як муддати кӯтоҳ бо роҳи пур кардани фазо аз афкори демогогӣ (авомфиребона) дар байни аҳолии камсавод то андозае нуфуз пайдо намуданд. ҲНИТ пурра методҳои ихвониро истифода менамуд ва дар аксар маврид аз усули «қадам ба қадам» истифода намуда, дар саросари Тоҷикистон ячейкаҳо ва гуруҳҳои худро таъсис дод. Ҳамчунин тиҷоратҳои гуногун ташкил карда, барои афкори ҷомеаро дар зери нуфузи худ нигоҳ доштан воситаҳои ахбори умумро сармоягузорӣ мекард ва шахсиятҳои мазҳабӣ ва  ва тарзи рӯзгори мазҳабӣ, аз ҷумла пӯшиши ҳиҷоб ва амсоли инро таблиғ менамуд ва фазои иттилоотии кишварро то ҷое дар зери таъсири худро гузошта буд.

Ҳамчунин ҲНИТ аз яке вижагиҳои усули «қадам ба қадам»-ҳамкории байнимазҳабӣ (шиъа ва суннӣ), ки дар Баҳрайн, Эрон ва Хамосу Фатҳ дар Фаластин истифода мешавад, ба кор мебурд. Ҳамин аст, ки наҳзатиҳо дар тӯли фаъолияти худ гоҳ дар оғӯши Эрон ва гоҳ дар оғӯши Туркия, ихвониёни мисрӣ ва дигар кишварҳо қарор доштанд.

ҲНИТ барои расидан ба ҳадафҳои хеш дар зоҳир  оромона ва мисли ихвониҳо кӯшиш менамоянд, ки чунин боварро  дар зеҳни авом ба вуҷуд оваранд, ки гӯё ягона пушту паноҳи ислом ва мусалмон онҳоянд ва бояд мусалмонон ба онҳо дар ҳама маврид такя намоянд. Чунин найранг дар зеҳни мардум метавонад ҳолатеро ба вуҷуд оварад, ки ихвониён ба хотири манфиатҳои онҳо фаъолият мекунанд. ҲНИТ баъди расидан ба оштии миллӣ тайи солҳо 1997-2015 аз ин шеваҳои ихвонӣ кор гирифта, сараввал сарони ин ҳизб марказҳои тиҷоратии мухталиф таъсис доданд ва шаклҳои гуногуни тиҷоратро, аз ҷумла бо роҳи ҷамъоварии эҳсону хайрия ба роҳ монданд, баъдан бо роҳи худнамоӣ ва таҳти таъсир гирифтани фазои иттилоотӣ корҳои оддитарини хешро мавриди таблиғ қарор доданд.

Оҳиста –оҳиста онҳо дар зеҳни гуруҳҳои муайяни кишвар худро чунон вонамуд карданд, ки гӯё маҳз онҳо аз исломи мусалмонӣ мегӯянд ва ҳизби онҳо ҳизби Худост. Яъне бо роҳи ақидатӣ «қадам ба қадам» бо демогогияи худ зеҳни мардумро вориди террори ақидатӣ қарор доранд. Аъзоёни ҲНИТ ба мисли ихвониҳо аз демогогия зиёд истифода мебаранд ва шиорҳои озодӣ, демократия, баробарӣ ва озодии матбуотро ба миён мегузоранд, ки ин гуна  шиорҳо дар воқеияти исломи сиёсӣ тадбиқнашавандаанд. Агарчи онҳо дар як давраи кӯтоҳ то замони расидан ба ҳадафҳои худ аз ин шиорҳо истифода намоянд ҳам, вале ҳангоми қудратро ба даст гирифтан баракс амал менамоянд. Масалан Муҳаммад Мурсӣ, ки худ ихвонӣ буд, дар муддати кӯтоҳи роҳбарии худ ҷиҳати аз байн бурдани принсипҳои демократӣ дар Миср амал карда, ҳатто ба тағйир додани конститутсияи ин кишвар иқдом кард ва як қатор қарорҳоеро қабул намуд, ки зидди принсипҳои демократия ва озодӣ буданд.

ҲНИТ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмияшон чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва ҳамаи ҷурмро бар сари ҳокимияти сиёсӣ ҳавола менамуданд ва худро пуштибони озодиву адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд. Айни ҳол низ сарони дар пайгарди қонун қарордоштаи ин ҳизби мамнуъи террористӣ дар хориҷи кишвар ба фазилатфурӯшиву демогогия ва бадномсозии роҳбарият ва ҳукумати кишвар машғул шуда, бо роҳи бечоранолӣ дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз адолату демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарф мезананд. Барои амалӣ намудани демогогияи худ ва роҳ ёфтан ба мағзҳои хуфта роҳбари ин ҳизб бо галстуку малобиси (сарулибоси) ғайримазҳабӣ дар расонаҳо зоҳир мешавад.

Ҳамчунин пайваста дар матбуоти даврии вақт таблиғ шудани шахсиятҳои исломӣ ва нашри фатвоҳои пешвоёни динӣ яке аз ҳадафҳои дигари «ором-ором» табдил додани ҷомеаи дунявӣ ба ҷомеаи динии сиёсӣ аст. Аз таърихи ихвониҳо маълум аст, ки усули «қадам ба қадам», ки бо роҳи «ором-ором» (ба гуфти эрониҳо “явош-явош) исломӣ кардани ҷомеа сурат мегирад, доимӣ нест ва он танҳо дар шароите ба кор бурда мешавад, ки ҳукумати рӯз қудратмандтар аз ихвонҳо бошад. Чунончӣ, дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 70-ум, ки ҳукумати вақт ниҳоят пурқудрат буд, ихвониҳо усули «қадам ба қадам»-ро истифоа намуданд ва ҳаракатҳои исломие аз қабили Гурӯҳҳои исломии Тошканд ва Ҳалқаи Ҳиндустонӣ таъсис дода, фаъол намуданд, ки асосан барои паҳн кардани  адабиёти исломӣ дар байни аъзои ҷомеа ва ҷалби ҷавонон ва маъсусан донишҷӯён ба ин гуруҳҳо сафарбар шуда буданд. Дар солҳои 90-ум бо кам шудани қудрати сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ усули нав, яъне «сиёсати зӯроварӣ»-ро пеш гирифтанд. Дар ҳамин замина Ҳизби наҳзати исломии Шӯравӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро фаъол намуданд, бо истифода аз «сиёсати зӯроварӣ» вазъиятро дар Қафқоз ва хосатан дар Тоҷикистон тезутунд намуданд. Яке аз сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сиёсати зӯроварии ихвонипешаи ҲНИТ дар кишвар буд.

Ҳамин тавр дар Россия низ гурӯҳҳои террористии Ибни Хаттоб, Шамил Бассаев, маҷлиси олии ҳарбии шӯрои қувваҳои мусаллаҳи Кавказ, ки ячейкаҳои «Ихвон-ул-муслимин» буданд, ба амалҳои террористӣ даст заданд ва боиси куштору ноамнӣ дар минтақаи Кавкази Федератсияи Россия гардида, муддате ҷанги дохилиро дар ин минтақа ба вуҷуд оварданд, ки боиси куштори садҳо одамони бегуноҳ гардид.

Бори дигар ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 бозгӯкунандаи он аст, ки ҲНИТ, ки худ ячейкаи «Ихвон-ул-муслимин» аст, дар ҳар вазъияте аз усулҳои хос истифода менамояд. Пешвоёни ҲНИТ дар моҳи сентябр мутақоид буданд, ки онҳо дар кишвар бо усули «қадам ба қадам» тарафдорони зиёдеро соҳиб гардидаанд ва ба буъди (фазаи)  дигари сиёсии худ «сиёсати зӯроварӣ» шуруъ карданд ва тавассути гумоштаи хеш генерал Назарзода даст ба кӯшиши кудато (табаддулоти ҳарбӣ)  заданд. Онҳо муътақид буданд, ки дар муддати кӯтоҳ ошӯби онҳо дастгирию ҳамовозӣ пайдо мекунад ва онро баъдан ба инқилоби исломӣ табдил медиҳанд, аммо амалҳои террористие, ки солҳои 90-ум аз ҷониби дастандаркорону пайравони ҲНИТ содир шуда буданд, амсоли даҳшатноктарин навъҳои куштори инсон дар вилояти ҳамонвақтаи Қӯрғонтеппа, ҳамчуинин террорҳои пай дар пайи шахсиятҳое, ки мухолифи исломисозии ҷомеа буданд, боиси он гардид, ки кӯшиши кудато (табаддулот)   ноком шуда, ба шикаст мувоҷеъ гардид…

Хулоса, ҲНИТ тӯли замони мавҷудияти хеш чи аз назари ақидавӣ ва чи аз назари амалӣ аз усулҳои «Ихвон-ул-муслимин» ба тарзи густурда истифода менамояд. Терроризми ақидавии ҲНИТ аз рӯи усули «қадам ба қадам» аст: ором-ором ба мағзҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ сироят ва кӯшиш намудан, ки то андозае гуруҳҳои муайяни коршиносону рӯзноманигорон ва адибону олимонро ба самти худ моил намуда, онҳоро мадюни худ гардонанд. Дар бахши амалӣ бошад ҲНИТ мисли «Ихвон-ул-муслимин» аз сиёсатҳои зӯроварӣ ё терроризми амалӣ кор гирифта, сабаби фоҷиаи солҳо 90-ум ё террори ақидатӣ дар солҳои 1991-1997 ва бо роҳи зӯроварӣ иваз кардани ҳокимият дар соли 2015 гардид.

Айни ҳол дар хориҷ аз Тоҷикистон  ҲНИТ ҳизби мамнӯъи террористӣ эълон шуда, аз ҳисоби ячейкаҳои дигари ихвонӣ таблиғоти густурдаро алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва  тавассути интернет ва дигар расонаҳои иттилоотӣ кӯшиш менамояд зеҳнҳоро мағшуш намояд…

Август 7, 2017 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шибит давои хуб барои бемориҳои узвҳои ҳозима аст
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
««ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Андешаҳо оид ба таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз масунияти баданро боло бурда, пиршавиро пешгирӣ менамояд
Фарҳангиёни Тоҷикистон бояд дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд
МУАЛЛИМИ МАН
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин