Қонуне, ки танзимкунандаи зиндагӣ ва таҳкимбахши тафаккури мардум аст

Август 18, 2017 16:18

ДУШАНБЕ, 18.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муовини директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салима Раҷабова Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро танзимкунандаи зиндагӣ ва таҳкимбахши тафаккури мардум дониста, риояи онро аз ҷониби на танҳо мансабдорон, балки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳатмӣ ва зарурӣ медонад.

Мавсуф оид ба шарҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба ин қонун гуфт: «Қонун танзимкунандаи зиндагӣ ва таҳкимбахши тафаккури мардум аст. Зеро то ин дам маъракаҳое, ки аз фарҳанг ва тамаддуни бегона ба зиндагии мардум васл гардида буданд, мардумро водор менамуданд, то барои дигарон андеша кунанд, на барои беҳтар намудани зиндагии хеш. Ҳоло он ба мардум сабукӣ овард. Як мусибате, ки болои оилаҳо пайдо мешуд, дар баробари  талху сангин буданашон боз бар замми он ин маросимҳои беҳудае чун се, ҳафт, бист, чил ва ғайра андуҳ ва мушкили мардумро дучанд мекарданд. Мардум ба қавле “мурдаро монда, тутхӯрӣ” мекарданд. Ин қонун бо татбиқи худ миллати тоҷикро аз банди хурофоту бегонапарастӣ раҳо намуда, ба мардум башорати шоиста хоҳад дод.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудаанд, як навъ беҳбудие дар ҳаёти мардум шуморида мешаванд. Яъне, қаблан барои гузаронидани хатнасур омодагии зиёд дида, онро дар доираи васеъ пешвоз мегирифтанд. Мо аз ин маъракаи сода як маъракаи боҳашамат месохтем ва ба мардум чанд намуд хӯрокҳо пешниҳод мекардем, сарояндаҳоеро, ки арзиши хизматрасонияшон бисёр гарон буд, даъват мекардем ва бо ин корҳоямон ба исрофкорӣ роҳ медодем. Акнун онро дар доираи оила ҷашн мегирем»,-изҳор дошт ӯ.

 

Август 18, 2017 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд