Президенти Тоҷикистон: «Маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашуда ба муаррифӣ ниёз дорад»

Октябрь 14, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 14.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ оид ба афзоиш ёфтани сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти мамлакат изҳори назар карда, ҳамчунин зарурати бештар баргузор кардани намоиши маҳсулоти истеҳсоли ватаниро таъкид намуданд: «Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти таъмин намудани пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими ҳамкории судманд бо шарикони рушд ҳаҷми воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар мунтазам афзоиш ёфта истодааст.

Тибқи ҳисобҳои оморӣ, дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти кишвар сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 84 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар ҳаҷми 37 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст.

Дар баробари ин, таъкид бояд намуд, ки татбиқи ислоҳот дар самти истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ташаббуси боз ҳам бештари соҳибкорону сармоягузоронро тақозо менамояд».

Пешвои миллат зикр карданд, ки ворид шудани маҳсулоти истеҳсоли хориҷӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар дохили ҷумҳурӣ захира ва имкониятҳои ҳанӯз истифоданашуда хеле зиёданд: «Таҳлили сохтори воридоти молҳо нишон медиҳад, ки дар 4 соли охир ба кишвар ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ гандум ва ғалладонагиҳо, орд ва маҳсулот аз он 2,6 миллиард сомонӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 1,6 миллиард сомонӣ, равғани растанӣ ва чорво наздик ба 2,7 миллиард сомонӣ, маҳсулоти тайёр аз орд ва гандум 2 миллиард сомонӣ, маҳсулоти коркарди меваю сабзавот 470 миллион сомонӣ, маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ 800 миллион сомонӣ, нӯшокиҳои ташнашикан 780 миллион сомонӣ, рангубори сохтмонӣ беш аз 1 миллиард сомонӣ, маҳсулоти фармасевтӣ қариб 2 миллиард сомонӣ, либос, пойафзол ва қисмҳои онҳо ва маҳсулоти бофандагӣ ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ ворид карда шудаанд.

Ин ва дигар номгӯйи молҳои воридотӣ бозгӯи имкониятҳои истифоданашудаи кишвар, замина барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва содироти он, инчунин, таъсиси ҷойҳои навӣ корӣ мебошанд».

Бо назардошти ин Сарвари давлат ба вазорату кумитаҳои дахлдор дастурҳои зарурӣ доданд: «Аз ин рӯ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳоро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тадбирҳои амалӣ андешанд».

Аз ҷумла, барои баргузор намудани намоиши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав супоришҳои мушаххас дода шуданд: «Бояд гуфт, ки маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашуда ба муаррифӣ ниёз дорад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки намоиши молҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба тақвияти иқтидори содиротии онҳо, дарёфти сарчашмаҳои сармоягузорӣ ва харидорон мусоидат менамояд.

Дар 15 соли охир зиёда аз 350 намоиши маҳсулоти истеҳсоли ватаниву хориҷӣ дар дохили кишвар гузаронида шудааст, аммо соҳибкорони ватанӣ молу маҳсулоти худро ҳамагӣ дар 32 намоиши байналмилалӣ берун аз ҳудуди мамлакат муаррифӣ намудаанд.

Бинобар ин, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат вазифадоранд, ки барои дар хориҷи кишвар муаррифӣ намудани молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд».

 

Октябрь 14, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд