«Конститутсия- кафили рушди сайёҳӣ»-ҳамоиш дар Душанбе

Ноябрь 4, 2017 12:33

ДУШАНБЕ, 04.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Конститутсия- кафили рушди сайёҳӣ»-таҳти ин унвон  имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон     ҳамоиш баргузор гардид.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ  хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомад намояндагони  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Маркази миллии қонунгузорӣ, Суди конститутсионӣ, коршиносони соҳа  ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.

 Раиси Кумита Нуъмон Абдуғаффорзода зикр кард, ки «Конститутсия шиносномаи давлату миллат буда, барои бунёди давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор гузошт ва дар сохтмони аркони давлатдорӣ нақши барҷаста дорад. Дар тӯли 23 соли мавриди амал қарор доштани Конститутсия ба он 3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Меъёрҳои Конститутсия дар ташаккули низоми қонунгузорӣ, сулҳу субот ва камолоти давлатдорӣ заминаи мусоид фароҳам меоваранд».

Зикр шуд, ки   маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати дарҳои боз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани соҳаи сайёҳӣ ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шуд. Тўли солҳои охир дар бахши сайёҳӣ ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуда, заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа бо қабул ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди туризм ва дигар санадҳо устувор гардид.

 

Ноябрь 4, 2017 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Бо ёдгориҳои Қалъаи Ямчун шинос шавед ва кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшонро тамошо намоед
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ НАМО! Баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хуталони қадим — шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардид
РУШДИ САЙЁҲӢ. Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» беҳтарин макони солимгардонӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мегардад
Рӯзноманигорон, блогерон ва намояндагони вазорату идораҳо бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ҳамоиш ва сайри гардишгарӣ баргузор мегардад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муаррифӣ карда шуд
Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ озмун баргузор мегардад
Вобаста ба тибби сайёҳӣ ва нақши он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ конфронси байналмилалӣ доир шуд