ҲАР ЯК НАФАР ҲУҚУҚ БА СОЛИМӢ ДОРАД. Имрӯз — Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО (ВИЧ/СПИД)

Декабрь 1, 2017 08:39

ДУШАНБЕ, 01.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имсол таҳти шиори «Солимии ман- ҳуқуқи ман» дар тамоми ҷаҳон 1 декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО-Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад.

Бояд гуфт, ки  аз соли 1996 инҷониб ин сана бо ибтикори Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО (ЮНЕЙДС) ҳамасола бошукӯҳ таҷлил  мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи  ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рӯзро ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил мекунад.

Дар ин рӯз миллионҳо нафар одамон дар ҷаҳон лентаи сурхро, ки имрӯз яке аз рамзҳои асосӣ ва таскинбахшандаи  шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад, ба бар мекунанд. Ин рамз инчунин ҳамаро ба он даъват месозад, ки  доир ба ВНМО зиёдтар донанд ва пеши роҳи онро гирифта тавонанд.

Дар Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, 25 феврали соли равон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва нақшаи тадбиқи он қабул гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар»  муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам ВНМО (ВИЧ/СПИД) Дилшод Сайбурҳонов зикр намуд, барномаи мазкур  ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020»-ро инъикос намуда, чораҳоро баҳри таъмини дастрасии  аҳолӣ ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО дар бар мегирад. Барнома дар фаъолияти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба даст овардани Ҳадафҳои рушди устувор саҳмгузор мебошад.

Ҳамчунин мусоҳиб иброз намуд, ки ин  барнома вобаста ба ҳолати эпидемиологии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар кишвар, таҳлили маълумот оид ба фаъолияти соҳа нисбат ба пешгирии ин сироят, ки дар доираи иҷрои барномаи қаблӣ солҳои 2011-2015 амалӣ гардида буд, таҳия шудааст.

Ба иттилои мавсуф, дар доираи иҷрои барномаи қаблӣ дар ҷумҳурӣ,  дар самти пешгирии ин сироят корҳои зиёд анҷом ёфта, барои коҳиш додани сарбории эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва беҳтар гардидани ҳолати эпидемикии ин сироят дар кишвар заминаи мусоид фароҳам омад. Дар ин давра заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ беҳтар гардида, тамоми имкониятҳо баҳри дарёфту муайянсозӣ, пешниҳоди табобатҳои махсус ва назорату расонидани кумакҳои палиативӣ ба беморону сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам фароҳам оварда шуданд.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, шумораи умумии сироятёфтагони  ВНМО аз соли 1991 то  9 моҳи соли равон 9 ҳазору 637 ҳодисаро ташкил медиҳад.   Дар 9 моҳи соли равон 887 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 9,3 фоизаш фавтидаанд.

Бемории Вируси норасоии масунияти одам бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва  аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад.

Баҳри пешгирӣ намудани ВНМО ҳамасола дар арафаи 1 декабр дар тамоми кишварҳои ҷаҳон барномаҳои махсус гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар ин рўз аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар мубориза бо ВНМО муттаҳид бошанд. Ҳар як шахс метавонад дар пешгирии он ҳиссагузор бошад. Ба ин восита ҳар як фард барои ҳифзи ҳаёти худ ва наздиконаш аз ташхиси ВНМО гузашта, аз вазъи солимиаш дар робита ба вируси мазкур маълумот мегирад.

Бахшида ба рӯзи мубориза бар зидди ВНМО дар тамоми ҷумҳурӣ  тадбирҳои гуногун ва барномаҳои ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ баргузор мегарданд.

 

Ибодат ДАВЛАТОВА,

АМИТ «Ховар»

Декабрь 1, 2017 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

23 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
20 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июл, сешанбе, 198-умин рӯзи соли 2024 аст
Вазорати нақлиёт дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 5 миллион бех ниҳол мешинонад
Ширкати «China Datang» дар вилояти Суғд неругоҳи офтобӣ бо қувваи 500 мегават месозад
Роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол бунёд мегардад
Намояндаи Осорхонаи миллӣ дар ҳамоиши «Долонҳои мероси Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ» дар Остона иштирок намуд
Ҷавонони тоҷик дар омӯзиши забони хориҷӣ аз Барномаи FLEX самаранок истифода мебаранд
«Узбекистон Онлайн»: муштариён роуминги муфидро интихоб мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
«ШИРКЕНТ»-И НОМДОР. Дар ин истироҳатгоҳ зиёда аз 1000 нафар таътили тобистонаро бофароғат гузарониданд